НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ПАРЧАМ ҲАМЧУН РАМЗИ СИЕСӢ

   Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар ҳаёти мардуми Эронзамин пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар шарқии қадимаи Эрон ливои хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз милод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадиматрин ливо дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад.

   Дар воқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз ливо ҳамчун рамз ё нишонаи даъват ба муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ва ё он ҷамъият, маслан ба қабила, кӯшун, равияҳои динӣ ва ғайра ифода мекард.

   Ливо дар шаклҳои мухталиф зоҳир мешуданд: мағзи сари пешвои тавоно, ки дар чуби дароз насб шудааст, чӯбе, ки дар он пӯсти ҳайвони ваҳшӣ насб шудааст, хода бо шахаҳои гуногуне, ки дар он ашёи гуногун овеза шудааст.

   Ҳанӯз дар гузашта рушди рамзҳои ливо ва такмштёбии унсурҳои он ба тақвиятёбии корҳои ҷангӣ мусоидат менамуданд. Ливо чун қоида, дар муборизаҳо маркази лашкар ва ё макони ҷойгиршавии пешвои ҷангро ифода мекард. Ба даст даровардани ливои душман одатан рақибро аз лиҳози маънавӣ шикаст медод, зеро аз даст рафтани ливо ифодагари он буд, ки пешво мурдааст ва ё ӯ асир гирифта шудааст. Ҳамчунин, ливо нақши даркнамоиро иҷро мекард: ҳангоми ҷанг аз рӯйи он ҷанговарон ё муттаҳид мешуданд ва ё ақибнишинӣ мекарданд. Ба даст овардани ливо чун одат маънои ғалаба бар болои рақибро дошт. Ҷиҳати мазкур, яъне тақдирсоз будани ливо бо мурури замон онро ба як унсури муқаддасе табдил дод, ки эҳтиром ва эҳтиёташ хислати ҳатмй дорад.

   Бо мурури замон ливо тағйир ёфта, шакли ягона ва муқарраршударо ба худ гирифт. Ба он акнун тасма ва ё пораи латтаро насб мекарданд. Илова шудани матоъ ба ин рамзи қадима ҷиҳати дигареро хусусияти ҳатмй бахшид: акнун он бояд ҳатман дар ҳаво алвонҷ мехӯрд ва ин хусусиятро танҳо матоъ метавонист дошта бошад. Тибқи сарчашмаҳои таърихй аввалин ливои матой (то ин вақт пӯстӣ, пашминадор, филизӣ ва ғайра истифода мешуданд) дар Чин ба вуҷуд омаданд. Ба эҳтимоли ғолиб ин ба он вобаста буд, ки Чин маркази истеҳсоли масолеҳи абрешимие ба шумор мерафт, ки ба тамоми ҷаҳон содирот мешуд. Ҳамин тавр, дастрасии давлатҳо ба ин ашёи хом ва фарҳанги бойи хитойӣ идеяи ташаккули ливоро ба қуллаи ниҳоӣ оварда расонид.

   Ливо акнун матоеро ташкил медод, ки ба чӯб насб шуда, бо рамзҳо ва аломатҳои гуногун ороиш меёфт. Матоъро ё аз тасмаҳои рангаи мухталиф омода мекарданд ва ё онро ранг мекарданд. Ҳар як ливо ба рамзе табдил меёфт, ки назири худро надошт ва дар худ иттилоъи муайянро ифода мекард.

   Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ дар ҷое ливо дар шакли чарминаи муқаррарӣ (Дирафши Ковиён) ва дар ҷои дигар дар шакли чарминае, ки дар он сурати говазн акс ёфтааст (Дирафши Сиёвуш), зикр мешавад. Мутаасифона оид ба он ки дирафш чӣ гуна ранг, таркиб ва андоза дошт, дар «Шоҳнома» маълумот дода нашудааст.

   Дар Аврупо чунин ливоҳо каме баъдтар ба вуҷуд омаданд ва ба якчанд намудҳо ҷудо шуданд: давлатӣ, ҳарбӣ, динӣ ва ғайра.

   Ливои давлатӣ барои ҳама умумӣ маҳсуб ёфта, аз рамзи ҳокимияти давлатӣ иборат буд. Баъзан дар он маълумот оид ба роҳбари давлат низ дарҷ карда мешуд.

   Ливои ҳарбӣ бошад. хос барои ҳар як воҳиди ҳарбй буда, дар он рамз ва номи ҷузъу том инъикос меёфт. Зарурат ба чунин ливо дар ҳолате ба вуҷуд меомадаид, ки сарҳади давлатӣ ва ё майдонии ҳарб васеъ мешуд. Муфид будани истифодаи ливо низ ба он вобаста буд, ки ҳангоми муҳориба сарлашкар метавонист дар куҷо қарор доштан ва ба кадом самт ҳаракат кардани ҷузъу томро назора намояд. Аз тарафи дигар, васеъшавии сарҳади давлатӣ талаботро барои ташкили қушуни сершумор ва доимӣ ба вуҷуд оварда буд, ки ҳимояи сарҳадӣ давлатӣ бе он имконнопазир мегардид. Аз ин рӯ, барои муносибии идораи қушуни бешумор дар баробари гузоштани номи махсус, зарурат барои додани рамзи муайн низ ба миён омад, ки яке аз он рамзҳо ливо маҳсуб меёфт.

   Ливои динӣ дар маросимҳо ва ҳам дар корҳои ҳарбӣистифода мешуд. Мисоли ин дар юришҳои салибӣ зоҳир мешавад. Ритсарҳо баҳри забти Байтулмуқаддас таҳти ливои калисои католикӣ ва ливои давлатҳо ва князигариҳо ҳамла оварданд.

   Бояд зикр намуд, ки амалиёти ҳарбӣ байни давлатҳо на танҳо дар хушкӣ, бал, ки дар баҳрҳо низ рушд карданд ва воситаи асосии ҳаракати қӯшунҳои баҳрӣ қаиқҳои бодбондор ба ҳисоб мерафтанд. Истифодабарии ливо, ки он барои дар даст гирифтан пешбинӣ мешуд, акнун дар дохили ин қаиқҳо номувофиқ ба шумор мерафт. Илова бар ин, дар натиҷаи ҷунбиш ва ё ҳаркати зиёди дастони сарбозон ливо дар тӯли ду - се ҳафта корношоям шуда, зарурати сохтани ливои нав ба вуҷуд меомад. Ҳолати мазкур кӯшиши истифодаи ливоро дар тарзи нисбатан мувофиқ ба миён овард. Ин кӯшишҳо бошанд, аввалин маротиба дар таърих фаҳми парчамро ба вуҷуд оварданд.

   Парчам асосан аз ҷониби флотҳои баҳрӣ барои аз масофи дур дидани киштиҳо сохта шуда, дар нуктаи аз ҳама баланди сутуни киштӣ насб мешуд ва андозаи хеле калон дошт. Метавон гуфт, ки парчам фарзанд ва ё тавлидшудаи ливо аст.

   Парчам вобаста ба он ки чӣ «хизмат»-ро адо мекунад, метавонист андозаи куллан гуногун дошта бошад. Яъне он акнун андозаи васеъ дошта, дар нуктаи баланд насб карда мешуд. Бар замми ин, ҷуз вазифаи даркнамоӣ ва ҷудокунӣ, парчам акун барои ифодаи мавқеи сиёсй, варзишӣ ва шахсӣ истифода мешуд.

   Дар парчам метавонад ҳадафҳои инқилобӣ (соли 1789 дар Фаронса), созандагӣ ва рушд (досу болға дар парчами давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ) ва сохторию идеологӣ (калимаи шаҳодат дар парчамҳои давлатҳои Исломӣ) истифода шавад. Ба ҷуз ҳамчун рамзи давлатӣ, динӣ ва ҳарбӣ истифода шуданаш, истифодаи парчам ба сифати рамзи миллӣ, тиҷоратӣ (фирмавӣ), чун рамзи ифодакунандаи муносибат ба ин ё он ташкилот: маҳалгароӣ, гурӯҳи варзишӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва инчунин ба сифати рамзи муборизаи халқҳо барои истиқлолияти миллӣ маъмул гардид.

 

 

 

Шуъбаи фарҳанги ноҳияи

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.