14 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт ва бо қарори Президиуми кумитаи марказии иҷроияи он аз 23 феврали соли 1924 парчами давлатӣ қабул карда шуд, ки аз матои сурх иборат буда, дар кунҷи он нишони давлатӣ бо навиштаҷоти «Пролетариатҳои ҳамаи давлатҳо як шавед» акс ёфта буд.
16 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва 5 декабри соли 1929 бевосита ба ҳайати ИҶШС шомил карда шуда. Моҳи апрели ҳамон сол парчам дар таҳрири нав қабул шуд. Баъди қабули парчам аз соли 1929 то соли соли 1953 ба он ҳафт маротиба таҳрир ворид карда шуд аз соли 1953 бе таҳрир то соли 1991 арзи вуҷуд кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва баъди панҷ моҳ ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави Ҷумҳурии... таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд. Вақте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2 марти соли 1992 бо бардоштани парчами кишварҳои Озарбойҷон. Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон,
Молдавия, Сан-Марино, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекситон дар бинои созмон оғоз шуд, барои Қазоқистон, Қирғизистон Тоҷикистон, Туркманистон бо далели қабул нашудани парчами нав, парчами ҶШС Қазоқистон, ҶШС Қирғизистон, ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Тоҷикистон бардошта шуд.
То санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт . Дар озмун зиеда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳамммад Осимй мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамаи барандагони озмуни беҳтарин парчами миллӣ матои серангаро (матоъ бо се тасмаи рангаро) пешниҳод намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд. Яъне ранги сурх - озодӣ, сафед - оромӣ, сабз - ободии давлат ва миллатро бозгӯ мекард.
Ҳамин тавр, комиссия кори худро бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби Ҳабибуллаев 3, Заневский А, Додхудоева Л, Игнатушина Н ва Сайдалиев М пешниҳод шуда буд, нуқта гузошт. Авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандй ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатй монеа эҷод кард ва танҳо санаи 24 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатй қабул гардид. Дар Иҷлосия "Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва "Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он ба моддаи 169 ва! 70 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатй иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, дсҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».
Ба ин ҷиҳат бояд арҷ гузошт, ки бори аввал дар тӯли зиёда аз 70 соли мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурӣ, бори аввал парчами ин кишвар ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатй тавзеҳ дода мешавад ва ё аввалин маротиба калимаи «ИСТИҚЛОЛИЯТ» дар тафсир ва ё шарҳи парчам ворид шуд. То ин дам парчамҳои қаблӣ танҳо рамзи фарқкунадагии давлатиро иҷро мекарданд, ки Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии тобеъ аз 14 ҷумҳурии дигар Иттифоқ дар фарқият қарор медод. Парчами нав бошад, акнун Тоҷикистонро на чун давлати тобеъ, балки ҳамчун ҷумҳурии мустақил миёни зиёда аз 200 давлати дунё дар тафовут мебахшид.
Бо парчами нави давлатӣ орзуҳои нав ва интизориҳои халқи тоҷик ба вуҷуд омад. Мутаасифона ҷанги шаҳрвандӣ интизориҳои тоҷикистониёнро як муддат зери шубҳа бурд, аммо он дурурдароз давом накард ва баъди истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ умеди мардум ба давлат ва эътиқоди онҳо ба ояндаи созанда дучанд эҳё шуд.
Моҳи сентябри соли 2011 бо муносибати 20 солагии Истиқлолияти давлатӣ баландатарин парчам дар ҷаҳон (165 м) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид карда шуд. Дар чунин шакл ва андоза бунёди парчам ифодаи ғурури сатҳии давлатдорӣ ва ё худнамоӣ набуда, он ифодаи давлатдории қадимии халқи тоҷик мебошад, ки ба ҳар як метри он як давраи таърихии нашъунамои миллию сиёсии тоҷикон рост меояд. Қуллаи парчам қуллаи баланди ташкили давлатдорӣ, давлатдории мустақил мебошад, ки онро тоҷикон ба баҳои талафоти беназири моддию маънавӣ аз тӯли таърих ба даст овардаанд.
Дар таърихи тоҷикон «Дирафши Ковиён» мақоми махсус дорад. «Дирафши Ковиён» дар рафти шӯриши ирониён, ки бар зидди Заҳҳок нигаронида шуда буд, тавлид шудааст. Шӯришро Коваи Оҳангар сардорӣ намуда, таҳти дирафше, ки онро аз миёнбанди чарминаи худ сохта буд, идора менамуд. Таҳти ин парчам Фаридун ҳамчун меросбари қонунии шоҳони Пешдодӣ ба тахт оварда шуд, то зулмро барканор ва адолатро пойдор кунад. Зери ин мақсад Кова тавонист Фаридунро барои соҳиб шудан ба тахт раҳнамоӣ созад. Фаридун чун ба тахт нишаст. «Дирафши Ковиён»-ро муқаддас шуморид ва онро бо тилло оро дод. Илова бар ин, дар чор кунҷи он акси ситораро гузошт. Чор ситораи дурахшон ливои мазкурро номи дигар бахшид ва он «Ахтари Кавиён» номгузорӣ шуд. «Дирафши Ковиён» чун анъана ва рамзи асосии давлатдорӣ ба наслҳои минбаъадаи шоҳони эронй интиқол ёфта, то замони Сосониён (224 - 651 ) аҳамияти худро ҳифз намуд.
Бояд зикр намуд, ки «Дирафши Кавиён» то замони мо аҳамияти таърихии худро ҳифз карда омадааст ва он дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст, ки рамзи абадӣ, бардавомии таърихии давлатдории миллии тоҷикон мебошад.
Аз ин рӯ, бузургдонтти Парчами давлатӣ - арҷгузорӣ ба таҷрибаи давлатдории гузуштагони форсу тоҷик маҳсуб ёфта, ҳимоя ва қадрдонии он ба кӯшишҳои ҳар як фарди ҷомеа тавъам мебошад.
Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия