Субҳи 24 ноябри соли равон дар маркази ноҳияи Кӯшониён шаҳраки Исмоили Сомонӣ, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.
Оғози чорабинӣ бо баргузории ҳамоишӣ кормандони ташкилоту корхонаҳо ва сокинони ноҳия аз назди бинои шуъбаи маориф то Кохи фарҳангӣ ноҳия макони чорабинӣ шуда гузашт, ки дар он зиёда аз 15 ҳазор нафар иштирок намуданд. Сипас бо иштироки раиси ноҳия ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳо дар назди бинои Раёсати молияи ноҳия дар сутуни 12 метра, парчами 3 метра барафрохта шуд. Баъд аз ин меҳмонон ба макони чорабинӣ назди бинои Кохи фарҳангӣ ноҳия қадам ранҷа намуданд. Дар маҷлиси тантанавӣ Табрикоти раиси ноҳия ба ҳозирин ироа гардида, инчунин якчанд сокинони ноҳия низ баромад намуданд. Сипас аз тарафи шуъбаи фарҳангӣ ноҳия вобаста ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суруду таронаҳои дилнишин сароида шуд.
«Кӯшониён»