Рӯзи 4 декабри соли равон дар толори Кохи фарҳанги ноҳия бо иштироки тамоми сарварони муассисаҳои таълимии ноҳия ва кормандони шуъбаи маорифи ноҳия вохӯрии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо маорифчиёни ноҳия баргузор гардид. Зимни суханронӣ сардори Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳия ба маорифчиёни ноҳия муроҷиат намуда, қайд намуд, ки шумо аҳли зиё, имрӯз вазифаи пурмасъулиятро ба ӯҳда доред ва дар пешгири намудани шомилшавии ҷавонон баҳар гуна ташкилотҳои экстремистиву терористӣ аз тарбияи дурусти шумо вобастагии зиёд дорад.
Ҳамзамон оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -ро баррасӣ намуда, оид ба панҷ омили шомилшавии ҷавононро ба ин гунна гурӯҳҳоро баён намуда, таъкид кард, ки насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносӣ сидқан тарбия намоед.
«Кӯшониён»