Хаёлҳои пӯсида ҳукми қонунро намешиканад!

   Неруҳои мухолифин барои ноил шудан ба мақсадҳои ғаразноки худ пайваста бо ҳар гуна даъвату хоҳиш ва орзуҳояшон тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ баромад менамоянд. Онҳо бо паҳн намудани туҳмату мақсадҳои нопок мехоҳанд, ки фазои орому осудаи кишварамон Тоҷикистонро халалдор намуда, ноором созанд.

   Чандест, ки наҳзатиҳо талаб доранд, ки маҳбусони сиёсӣ аз зиндон озод карда шаванд, ба қавли онҳо маҳбусони сиёсӣ мусичаи бегуноҳанд. Вале маълум аст, ки маҳбусоне, ки аз озодӣ маҳрум гардидаанд, бо гуноҳҳои ношустанӣ хиёнат ба Ватан, фасод, куштори мардуми бегуноҳ ва амалҳои террористӣ маҳкуми зиндон гаштаанд ва наҳзатиҳо ҳамаи инро нодида мегиранд ва шири сафедро сиёҳ мегӯянд.

   Дар ҳама давру замон гунаҳгор ба амалҳои ноҷои содиркардааш ҷавоб мегӯяд. Наҳзатиҳои малъун, бидонед, ки маҳбусоне, ки шумо озодиии онро мехоҳед, бояд дар назди қонун барои амалҳои ноҷавонмардонаашон ҷавоб бигӯянд. Онҳоро ҷазои аз ин ҳам сахттар раво аст, мардум ҳеҷ гоҳ гуноҳи онҳоро намебахшанд. Маҳбусони шумо дар назди rонун xавоб гуфта барои кирдорҳои ношоистаашон паси панxара гуноҳи худро мешӯянд.

   Ягон ҳамоиш, ягон хоҳишу эътироз, хаёлҳои пӯсида, ки наҳзатиҳои палид дар кӯчаҳои Аврупо сагсифатонаву маккорона чун рӯбоҳ доду фарёд мекунед, ҳукми қонуниро намешиканад.

 

ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.