Вокуниш оид ба Шахсияти Муҳиддин Кабирӣ

   Шукуҳу шаҳомат ва бузургии ҳар халқияти руйи замин бо нангу ораш манша гирифта рушд мекунад, пеш меравад обод мекунад ва ҳазор- ҳазорҳоро тарбия намуда, дар сояи амну-амонӣ маскан намуда, номи миллату давлат, расму оин ва урфу одати аҷдодонашонро аз насл ба насл ба мерос мегузорад .

Халқи тоҷик ба вижа сарзаминои Хуросон низ шахсияти бузургро соҳиб буда, то имрўз давлатдории хешро бо роҳи созишу якдигарфаҳми мартабаашро нигоҳ доштааст.

Дар солҳои охир дар ҳарни 20-21 мутааллиқ ба солҳои 90-ум миллати тоҷик бо мушкилоти вазнини иктисодию фарҳангӣ ғӯта хўрд. Мардум дар ҳолати сарсонӣ ва фирор аз масканҳои аxдодӣ гаштанд.

Ба қавли Мавлонои Румӣ

Аблаҳе аз тори бом биафтад,

Гардани мо бишканад.

Ин нобиғаи бузург ҳаётро чунон таҳлилу коргузори намудааст, кас аз чунин сатрҳо баҳои ўро медиҳанд,

Дар Тоҷикистони кунунӣ мо низ ин шахсияти бо ном «адолатхоҳ»«Исломдўст» «пуштибони дини мубини Муаҳаммадӣ» харобиҳои зидди молӣ, xони ва заифгардонии идеолгияи миллиро замина гузошт. Ҳол он, ки марди ба вижа «обрўманд» ба дину миллати худ чиҳо дода бошад, ки тарафдорони зиёдеро дар гирди миз ҷамъ оварда, ҳар гуна ақидаҳои зидди давлату миллатро замина мегузорад.

Ислом дар зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб ҳаст дар мусулмонии мост.

Агар Муҳиддин Кабирӣ аз дину мазҳаб огоҳи медошт, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи качу килеб ё худ xоҳилиро роҳандозӣ намекард.

Агар аз ақидаи исломӣ:

-Муъмин бародари муъмин

-Моли муъмин хуни муъмин

-Ба бародарат чиро раво дорӣ ба худат раво дор:

-Худкуширо олам зишт эълон дошт.

-Аз гаҳвора то гӯр илм ҷӯй огоҳӣ медошт, ҳаргиз нисбати ҳамзабонони худ чунин бадгўй, тафриқаҷўй, хусумат ва суханони зишт нисбати Ҳукумати Тоҷикистонро дар созмонҳои ҷориҷӣ кишвар садо баланд намекард.

Агар ақидаи исломӣ «Аз гаҳвора то гўр»-ро шиори худ мекард, мардумро омўхтани илм ва чӣ манфиат доштани он дар ҳаёти башарӣ тарғибу ташвиқ мекард.

Ба ақидаи Ҳазрати Бедил

Олами маънӣ шудему доғи чаҳл аз мо нарафт,

Кард илмҳои беамал моро хароб.

Ҳадафи ин шахсият бо ном «Кабирӣ» суйистифода ва нуфузи худро ҷой намудан ва соҳиби тахт шудан ва бо ном «ислом»-ро тарақӣ намудан аст.

Ҳаминро таъкид менамоем, ки ҳаргиз бори каҷ ба манзил намерасад, заҳмати зиёди бесамарро мегиранд.

Ба қавли Фирдавсии бузургвор:

Нигар то чӣ кори ҳамон бидрави,

Сухан гар чи гўи ҳамон бишнави.

Дониста бошад, ки ҳар амали кардаи ў дар назди худованд, виҷдон, ҷомеа рўйпӯш намемонад, вақте мерасад ба ҳар қатраи хуни рехта муттаҳам дониста мешавад.

Ҳол он, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ягон нафаре ёфта шуда бошад, ки ҷойнамози ибодаткунанда гирифта ўро таҳқир созад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳама баромадҳояш нақши ислом дар ҷомеа, хайрандешӣ ба барҷомондагонро аз суннатҳои баланди исломӣ баҳо медиҳад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат дар пойтахт масҷиди ҷомеъ барои кулли ибодаткунандагон, ки барои 50-ҳазор таҳрезӣ шуда буд, сохтумонаш идома дорад.

Агар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исломдўст намешуд, ӯ дар қатори 500-мусулмони беҳтарин арзёбӣ мешуд?

Танҳо ҳамон шахсе ба ин малҳо соҳиб мешавад, ки нияти пок, дили чун оина соф, нерўи Рустамона ва ишқи Мухаммадиро дар қалби кӯчак ҷой дода ва парвариш намояд.

Мо тарафдори онем, ки мудом дар ҷомеаи имрўза парчами сулҳу вафо парафшон ва сарҷамъии мардуми босаодат асрҳо низ пойдор бимонад.

Ба қавли Мавлонои Балх:

Пирўзи аз иттифоқ хезад,

Парокандаги аз нафар хезад.

 

Омўзгор: Абдулфайзов Аскаралӣ

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.