Солҳои охир кишвари маҳбубамон Тоҷикистон рушду нумуъ ёфта, ободу зебо гардида истодааст. Зиндагонии мардум низ рeз аз рeз беҳтар шуда, хушу хуррам гардидааст.
Соли равон чархаи аввали НБО - и Роғун ба истифода дода шуда, ба пешрафти иrтисодии кишварамон боз як заминаи нав ба миён гузошт.Мардуми тоxик аз рeзгори обод,пешравиҳои кишвар ва ҳаёти орому осоишта ифтихор доранд.
Вале аз ин пешравиҳо ва ҳаёти хурсандонаи мо душманони миллатамон ҳасад бурда, аз хориxи кишвар ба сари роҳбарон ва диёри ободамон туҳмату буҳтонҳои зиёдро бор мекунанд. ТЭТ ҲНИ дар кишварҳои Аврупо пайи амалӣ намудани нақшаҳои нопоки худ пайваста ҷаласаву ҳамоишҳоро зидди кишварамон Тоҷикистон равона месозанд. Мавзуи ҳамоишҳои онҳо танқиди ҳукумат, мақомоти давлатӣ, қудратталабӣ ва дурӯғу туҳматҳои нав ба нав мебошанд.
Ин дафъа тибқи нақшаи тарҳрезинамудаашон рӯзи 12 – декабри соли равон дар Берлин барои озод намудани маҳбусони сиёсӣ ҳамоиш баргузор карданӣ ҳастанд. Масъалаи озод намудани маҳбусони сиёсӣ моҳи сентябр дар пойтахти Полша – шаҳри Варшава низ аз тарафи ТЭТ ҲНИ бо шиору навиштаҷотҳо бардошта шуда буд.
Наҳзатиҳо бо талабу дархостҳои аз ақл бегонаи худ имрӯз маҳбусонро тарафдорӣ намуда озодии онҳоро талаб доранд. Маҳбусони сиёсӣ ба ягон дилсӯзиву тарафдорӣ сазовор нестанд, зеро онҳо бо гуноҳҳои нобахшиданӣ ба ҷазои муносиб сазовор гардида, паси панҷара нишастаанд.
Наҳзати беҳуда дар сомонаҳои ифротии худ мақолаҳои беасосу бемантиқро оиди ин масъала нашр мекунанд ва руй росту дурӯғ менависанд, ки маҳбусон бегуноҳанду онҳо озод карда шаванд.
Талабу дархостҳои онҳо ягон асоси воқеӣ надоранд. Шахсони ҷиноятсодиркарда бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд, озодӣ он вақт насиби онҳо мегардад, ки муҳлати ҷазоро ба охир расонанд. Бинобар ин, ҳама гуна ҳамоишу эътироз беҳуда буда, ягон натиҷа нахоҳад дод, чунки маҳбусони сиёсиро вақт озод мекунад.
Наҳзатиҳо шумо баҳудаву беҳуда мисли сагҳои дайду ва ҷӯгиҳои талбандаи бехонаву дар дар Аврупо доду фарёд бардошта, лофи беҳуда назанед.
Магар ба террорист бовар мекунанд, талабу хоҳишу онҳоро иҷро мекунанд, шумо худ инро медонед ку!
Пас чаро даъво мекунед?!
Аъзои фаъоли ҲХДТ: Сатторов А