Оид ба маҳкум намудани амалҳои терростию эктремистӣ

Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён ба маълумоти Шумо мерасонад, ки ҳодисаҳои рӯзҳои охир аз тарафи дасисакорони Ҳизби наҳзати ислом дар ҷаҳон рух дода кормандони моро бетараф гузошта наметавонад. Боиси зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд «Дар солее, ки сипарӣ шуда исодааст,мо шоҳиди амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африко ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он кишвар қурбони ҷиноятҳои террористй нагардад». Ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати ислом ҳамчун сияҳкорон ба ҷомеа зарар расонида, фитна ангехтаву дурӯғ паҳн карда,ҷавононро гумроҳ намуда,ба роҳҳои нодуруст мебаранд. Мутаасифона, ташкилотҳои террористию экстремистӣ мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ваҳдату суботи моро халалдор созанд. Зеро амнияте, ки ба ивази хунрезиву ҷонбозиҳои ҷавонмардони тоҷик ба даст омадаст, наметавонад иродаи ҷавонони тоҷикро дигар намояд ва набояд пайравони душманони миллати тоҷик бошанд.

Мо итминони комил дорем, ки тамоми мардуми тоҷик аз хурд то бузург аз ҳақиқат огоҳанд ва ин амалҳоро шадидан маҳкум месозанд. Ва ТТЭ ҲНИ бо ин амалҳои ғаразноку мақсадҳои нопокашон ҳаргиз ба мақсад намерасанд. Аз ин рӯ мдар чунин шароит барои устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи ваҳдату суббот дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмоалӣ Раҳмонзичтар мутгаҳид гардида, ҳаргиз фирефтаи таблиғу ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавем ва бо нишон додани амалҳои созандаю бунёдкорӣ дар арсаи ҷаҳонӣ обрӯи миллати тоҷикро баланд бардорем

 

 

Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён

Холиқзода Г. А.

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.