Агар мо имрӯз ба ҳама кунҷу канори даҳр бингарем, ҳамаи ваҳшониятҳои содир гардидае, ки аз тарафи гуруххои муташаккили чиноятӣ содир мегарданд, зери номи дини мубини Ислом мебошад. Дини мубини Ислом дини муқаддас аст, ғорату дӯздӣ, азобу ранҷ ва куштору вашониятро маҳкум месозад. Аммо имрӯз мо тариқи расонаҳои иттилоотӣ мебинем, ки ашхосе бо номи мусалмон аз дини мубини Ислом истифода бурда, ин динни муққадасро сиёҳ мекунанд. Ин ашноси аз худо бехабар, гумроҳгашта, дурӯя ба хотири як пиқдор пули ноҷизе, ки хоҷагони хориҷиашон мегиранд, чи корҳои вашониятро кардаанд. Ба ин гуфтаҳо мисол шуда метавонад, амалҳои ноҷавонмардонаи ХНИ ва Роҳбарияти он аз қабили Кабириҳо мебошанд. Дар асл мардуми тоҷик мардуми ватандӯст, бофарҳанг буда, хостори нооромиҳо нестанд, балки ҷонибдори сулҳу оромии кишварӣ азизамон Тоҷикистон мебошад.
Чандест, ки ин наҳзатиҳои гумроҳгашта талаб доранд, ки маҳбусони сиёсӣ аз зиндон озод карда шаванд, ба қавли онҳо маҳбусони сиёсӣ мусичаи бегуноҳанд. Вале маълум аст, ки маҳбусоне, ки аз озодӣ маҳрум гардидаанд, бо гуноҳҳои ғорату дӯздӣ, куштору ваҳшоният, фасод, ва амалҳои террористӣ маҳкуми зиндон гаштаанд ва наҳзатиҳои гумроҳгашта ҳамаи инро нодида мегиранд.
Ин наҳзатиҳо гумроҳгашта дар сомонаҳои ифротии худ зиндониёнро пуштибони намуда, оиди ин масъаларо қайд мекунанд ки гуё онҳо бегуноҳанд . Аммо ин гуфтаҳои онҳо беасос буда, ягон далелу факт надоранд, ба монанди сагҳои дайду аз дур ҳаккос зада меистанд.
Шахсони ҷиноятсодиркарда бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд, озодӣ он вақт насиби онҳо мегардад, ки муҳлати ҷазоро ба охир расонанд. Бинобар ин, ҳама гуна ҳамоишу эътироз беҳуда буда, ягон натиҷа нахоҳад дод, чунки маҳбусони сиёсиро вақт озод мекунад.
Аъзои фаъоли ҲҲДТ:
Шеров С