Аз сулҳу оромии кишвари азизамон Тоҷикистон рашку ҳаваси наҳзатиҳо рeз аз рeз зиёд шуда, ба мисли мурғи посӯхта худро ба ҳар кую дар мезананд. Ин наҳзатиҳои гумроҳгашта немехоҳанд ватанӣ мо рушд кунад, ҳамеша аз дури аз худ дарак медиҳаду бо дурeғу буҳтон ва туҳмату фиреб мисли сагҳои дайду ҳаккос мезананд.
Наҳзатиҳои гумроҳгашта намедонад, ки кишварҳое ҳастанд, ки таҷрибаи сулҳу ваҳдати Тоҷикистонро омeхта дар кишварашон истифода мебаранд.
Мардуми тоҷик имрeз дар фазои сулҳу ваҳдат, ҳаёти оромонаву осоишта дошта, ватани худро ободу зебо карда истодаанд. Бунёди ҳазорон мактабу донишгоҳҳо, корхонаву ташкилот, нақбу роҳҳои аҳамияти ҷаҳонидошта, хонаҳои серошёнаи муҳташам, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва тинҷиву оромӣ, ҳамаи ин зери сиёсати мардумпарваронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои ояндаи дурахшону босаодати ватанамон Тоҷикистон дар арсаҳои гуногуни бахшу соҳаҳо бо эхсоси баланди милливу ватандорӣ садоқатмандона меҳнат менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби Наҳзати Ислом тайи чанд соле, ки дар ҷумҳурӣ арзи ҳасти кард, оё ягон кору ободонию бунёдкорӣ кард. Баръак на ягон маконеро обод сохт, на кори хайре кард ва на боғу манзиле барои мардуми кишвар бино намуданд, фақат ба пешрафти сулҳу ваҳдат ва бунёдкориҳо хиёнату ҷиноят содир намуд. Бо иштироки бевоситаи М.Кабирӣ фазои осоиштаи сулҳомез моҳи сентябри соли 2015 ғуборолуду ҷангзада гашт. Суйқасти табаддулоти давлатӣ намуд ва бо суистифода аз собиқ муовини вазири мудофия хоини Ватан Назарзода А. амалиёти ҷинояткоронаву хиёнаткорона намуданд. Хушбахтона ба мақсади нопоку ғаразноки худ нарасиданд, ва Кабирӣ аз ҳамон сол то ин ҷониб дар хориҷа мисли саги дайду дар ба дар ва таҳти “Ғамхориҳои” хоҷагони хориҷиаш нон талбида зиндагӣ дорад.
Акнуни ин наҳзатиҳои гумроҳгашта мехоҳанд, ки зиндониёни сиёсие, ки бо онҳо корҳои ғорату дӯздӣ, куштору ваҳшоният, фасод, ва амалҳои террористие, ки якҷоя кардаанд озод карда шавад. Вале ин ҳама хаёлҳои пӯсида аст , онҳо аз дур мисли сагҳои дайду уллас зада меистанд, маҳбусони сиёсиро фақат вақт озод мекунаду халос.
Наҳзатиҳо шумо баҳудаву беҳуда мисли ҷӯгиҳои талбандаи бехонаву дар Аврупо доду фарёд бардошта, лофи беҳуда назанед!
Магар ба террорист бовар мекунанд, талабу хоҳишу онҳоро иҷро мекунанд, шумо худ инро медонед ку!
Тоҷикон аз масири таърих миллати ватанандӯсту сулҳпарвар ва ба ҳам дeсту иттифоқанд. Дар дарозои таърих ҷое сабт нагардидаст, ки ин миллат ба сари ягон миллат даст бардошта бошад. Ин миллат аз азал барои сулҳу суботи кишвар сайъу талош кардаанд. Барои миллати мо ин сагҳои дайду Кумитаи шайтонсиратони наҳзатии зидди Тоҷикистон ва дигар хоинони ватанфӯрушон бегонаанду ҳаммиллату ҳаммазҳаби мо нестанд, лаънат бар наҳзатиҳои фирорӣ ва хиёнатпешшаву ҷафокор!
Мутахасиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва
матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён:
Шеров С.