Изҳороти навбатии як гуруҳ бо амри тақдир дур аз Ватан афтодагонро дар бобати таъсиси «анҷумани озодандешони тоҷик» шунида, замоне даъвои мансабу мақому ҷоҳ кардани намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои солҳои 90-умро ,ки «демократия месозем» ва «ҳукумат ба халқ» -ро шиори худ пазируфта, дар асл ғаразҳои доираҳои манфиатҷӯёнаи аҷнабиёнро амалӣ мекарданду рӯи саҳнаи сиёсат «чеҳратарошӣ» мекарданд, ба ёд мерасад. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш нашуда, ки замоне чун балоҳои заминиву осмонӣ ба сари мардуми тоҷик офатҳои даҳшатборро рӯ ба рӯ карданд.
Албатта, таъсиси ҳизбу ҳаракат, гурӯҳ ва ё созмонҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҷойи баҳс нест. Аммо тааҷубовар аст, ки гуруҳе (шояд чанд нафар) азми ташкили созмоне кардаанд, ки сирф ғаразҷӯёна ва дар бобати мушкилоти кишваре ҳарф мезананд,ки таи чанд соли ахир дар ин кишвар зист надоранд. Гарчанде замоне дар сояи меҳру муҳаббати Ватан – Модар –Тоҷикистон парварида шуда, ба воя расидаанд.
Намояндагони Ташкилоти Террористӣ - Экстремистии Ҳизби наҳзат тамоми ғаразҳои хоҷагонашонро руирост бар зарари халқ ва табаддулоти давлати азизамон равона карда, аҳриманвор амал мекарданд. Бо ҳукми тақдир бо хохиши кулли мардуми Тоҷикистон ин ҳизби террористхӯ баста шуд, вале ҳоло ҳам намояндагони ангуштшумори ин ҳизби мамнӯъ барои ноором кардани ватани мо дар кишварҳои дури хориҷ талош варзида,тариқи расонаҳои интернетӣ даъват ба амал меоваранд. Вале ҳайҳот фаромӯш кардаанд, ҳамаи талошҳояшон беҳуда аст. Имрӯз мо фарзандони бошарафи Ватан намегузорем, ки ҳадаҳои нопоки кабириҳо ба сарзамини бобоии мо ворид шавад, зеро қадамҳои шумашонро мардум барвакт руфтаанд!
Тоҷикистон ватани маҳбуби мост ва дӯст доштану ҳифз карданаш вазифаи ҷонии фарзандонаш ба ҳисоб меравад.
Д. Шукруллозода
Муовини раиси ноҳия