Шукуҳу шаҳома ва бузургии ҳар халқияти руйи замин бо нангу ораш манша гирифта рушд мекунад, пеш меравад обод мекунад ва ҳазор- ҳазорҳоро тарбия намуда дар сояи амну- амони маскан намуда номи миллату давлат, расму оин ва урфу одати аҷдодонашонро аз насл ба насл ба мерос мегузорад.
Халқи тоҷик ба вижа сарзаминои Хуросон низ шахсияти бузургро соҳиб буда, то имрӯз давлатдории хешро бо роҳи созишу якдигарфаҳми мартабаашро нигоҳ доштааст.
Дар солҳои охир дар қарни 20-21 мутааллии ба солҳои 90-ум миллати тоҷик бо мушкилоти вазнини иқтисодию фарҳангӣ ғута хӯрд. Мардум дар ҳолати сарсонӣ ва фирор аз масканҳои аҷдоди гаштанд.
Дар Тоҷикистони кунуни мо низ ин шахсияти бо ном «адолатхоҳ» «Исломдӯст» «пуштибони дини мубини Муаҳаммади» харобиҳои зиддӣ молӣ, хони ва заифгардонии идеолгияи миллиро замина гузошт. Ҳол он, ки марди ба вижа «обрӯманд» ба дину миллати худ чиҳо дода бошад, ки тарафдорони зиёдеро дар гирди миз ҷамъ оварда ҳар гуна ақидаҳои зидди давлату миллатро замина мегузорад.
Агар Муҳиддин Кабирӣ аз дину мазҳаб огоҳӣ медошт, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи каҷу килеб ё худ ҷоҳилиро роҳандозӣ намекард.
Агар аз ақидаи исломӣ:
- Муъмин бародари муъмин
- Моли муъмин хуни муъмин
- Ба бародарат чиро раво дорӣ ба худат раво дор:
- Худкуширо олам зишт эълон дошт.
- Аз гаҳвора то гӯр илм ҷӯӣ огоҳӣ медошт, ҳаргиз нисбати ҳамзабонони худ чунин бадгӯй, тафриқахӯй, хусумат ва суханони зишт нисбати Ҳукумати Тоҷикистонро дар созмонҳои хориҷи кишвар садо баланд намекард.
Агар ақидаи исломи «Аз гаҳвора то гӯр»-ро шиори худ мекард, мардумро омӯхтани илм ва чӣ манфиат доштани он дар ҳаёти башарӣ тарғибу ташвиқ мекард.
Ба ақидаи Ҳазрати Бедил
Олами маънӣ шудему доғи ҷаҳл аз мо нарафт,
Кард илмҳои беамал моро хароб.
Ҳадафи ин шахсият бо ном «Кабирӣ» суйистифода ва нуфузи худро ҷой намудан ва соҳиби тахт шудан ва бо ном «Ислом» -ро тарақӣ намудан аст.
Ҳаминро таъкид менамоем, ки ҳаргиз бори каҳ ба манзил намерасад, заҳмати зиёди бесамарро мегиранд.
Ба қавли Фирдавсии бузургвор:
Нигар то чӣ корӣ ҳамон бидравӣ,
Сухан гар чи гӯй ҳамон бишнавӣ.
Дониста бошад, ки ҳар амали кардаи ӯ дар назди Худованд, виҷдон, ҷомеа рӯйпуш намемонад, вақте мерасад ба ҳар қатраи хуни рехта муттаҳам дониста мешавад.
Ҳол он, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ягон нафаре ёфта шуда бошад, ки ҷойнамозй ибодаткунанда гирифта ӯро таҳқир созад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳама баромадҳояш нақши Ислом дар ҷомеа, хайрандешӣ ба барҷомондагонро аз суннатҳои баланди Исломӣ баҳо медиҳад.
Бо ташаббуси Пешвои миллат дар пойтахт маҷиди ҷомеъ барои кулли ибодаткунандагон, ки барои 50-ҳазор таҳрезӣ шуда буд, сохтумонаш идома дорад.
Мо тарафдори онем, ки мудом дар ҷомеаи имрӯза парчами сулҳу вафо парафшон ва сарҷамъии мардуми босаодат асрҳо низ пойдор бимонад.
Омузгор: Абдулфайзов Аскарали