(Дар ҷавоб ба митинги наҳзатиёни масхарабоз дар Берлини Олмон)
Дар моварои таърихи башарият ҳазорҳо ҳаводису воқеаҳое ҳастанд, ки ақида ва мағзи одамонро ба шур меоранд. Хусусан дар ин миён амалҳои гаразноки доираҳои манфиатҷуйу худхоҳ, ки ба ҷуз манфиати ҷайби худ дигар чизе барои онҳо арзиш надорад. Масалан ташкилоти террористиву экстремистии наҳзати ислом, ки фаъолияти пасипардагиаш бо далелҳои раднопазир ошкор шудаву дар кишвар фаъолияташ манъ карда шудааст бо қолаби худсохтааш бо ном КШНЗТ дар рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар 10- декабр паради аҳмақонаро ташкил кард, ки бисёр хандадору бемантиқ буд? Худро тоҷик номбурдаву бо забони ноби тоҷикӣ дурӯст ҳарф назадан магар шармандаги нест? Худро паноҳанда унвон кардану забон, урфу одат ва анъанаҳои кишварҳои аврупоиро надонистан ва бо онҳо амал накарданро маъмури шаҳрдории Берлини Олмон, ки барои онҳо иҷозати чунин масхарабози додаанд чи гуна шарҳ медода бошад!.
Ҳазорҳо маталҳои халқи аст ва боварам нест, ки барои ин шармандаҳо таъсир расонад. Аз ҷумла онҳо магар намедонанд, ки “Дуои саг мустаҷоб мешуд ба ҷойи борон аз осмон устухон мерехт” ва ё “Косаи бишкастаро имкони пайванд кардан ҳаст? Чизи аз ҳама муҳим барои ин худобехабарон ин аст ки “Худо ба он касе ёри медиҳад, ки худ ғами худашаро мехӯрад”... Дуои саг ин бошад, ки аз осмон устухон резад, дуои наҳзатиён ин аст, ки аз осмон ба сари миллати тоҷик тиру туп рехта шавад. Худо миллати тоҷикро аз шарри наҳзатиёни лаънатӣ эмин дорад!
Ба худи кабирии зархариди кишварҳои манфиатдор муроҷиат карда гуфтаниам, ки агар сахи будан хоҳӣ, аввал одил бош на аҳмақи ҳайвонсирату масхаробоз!
Чизи дигар бароям боси таассуф аст, ки чаро баъзе аз кишварҳои Аврупои сиёсати духураро пеша кардаанд ва бо шайтонбозиву саҳнасозии ба қавлашон таъсиргузор ба ҳифзи ҳуқуқи башар такя карда онро ба як василаи бозиҳои сиёсии геополитикӣ табдил додаанд, ки шаҳрвандонашон аз сатҳи пасти маънавиёташон бар зидди ватанашон садо баланд месозанд. Оё ин дуруст аст? Магар Ватану миллат барои шахсият дар баробари волидайн аз мудаддастарин арзишҳо нест?
Мо воқеан бояд сари ин масъала дуруст дарк кунем, ки сиёсати Аврупо дар самти ҳуқуқ ба як дасисабозии саҳнави табдил ёфтааст ва ё дар маҷмуъ, ҳуқуқи башар дар Аврупо кайҳо зери суоли беҷавоб рафтааст...
Шармандаҳои наҳзатии бевиҷдон, ки аз дур аккос мезананд аз худ шармашон намеояд, ки рӯзе мешавад онҳо беватану ҳамватан монда чунинашон муроҷиат мекунанд. Онҳо хуб дарк накардданд, ки хасу хори Ватан аз он палидҳои шарманда дида боарзиштар аст. Сарашон чунон ба пулу моли дунёи дода шуддаст, ки аз нафрати миллат бехабар мондаанд... онҳо хоҳиши сард сохтани муносибати Тоҷикистони азизи мо бо Аврупо шудаанд, ки ин хаёли хом аст. Мо бо кишварҳои Аврупои муносибати дӯстона ва ба манфиати тарфҳоро ба роҳ мондаем ва дар ин роҳ ба дахолати ахлотҳои наҳзати шарт нест! Бояд гуям, ки магар Аврупо Тоҷикистонро намешиносад ва ё наҳзатиён мушовиру маслиҳатчии шабонаи аврупоиён шудданд. Ана ин суолест, ки онҳо аз худашон бояд пурсанд?
Мо ҳама медонем, ки идеяҳои наҳзатиён бо истифода аз дини Ислом гумроҳ кардани мардум аст. Онҳо бо таъсири ақидаҳои динни барангехтани кинаву кудурати миллӣ, нажодӣ ва маҳаллиро дар байни сокинон тарғиб менамуданд, ки оқибат соли 1992 миллатро ба ҷанги таҳмилли шаҳрванди оварда расонид. Садҳо шаҳрвандони моро бо ин ақидаҳои ҳаромашон вориди гурӯҳҳои ҷиноии ифротиву террористи карда, дар ин миён садҳои дигар кудакон бе падар, занҳо бе шавхар ва ҳамин миқдори дигар падару модарон бадбахт гардиданд, ки ин амали пасипардагии онҳоро ҳама тоҷикистониён медонанд ва фаромӯш кардани нестанд. Суоли дигар пайдо мешавад, ки наҳзатиён танҳо барои баргузории тазоҳурот назди сафорати Тоҷикистон ба ҳукуматдорони Берлин муроҷиат кардаанд ва ё чизи дигар???
Аз расонаҳо хуб ошно гардида таҳлил намудам, ки ин ташкилоти сохтаву қолабиашон мисли дигар ташкилотҳои таъсисдодаашон, ки ҳеҷ манфиаташон надод чунин бояд ном гирад Кумитаи шайтонсифатони наҳзатии зидди Тоҷикистон (КШНЗТ).
Сиёсати духураи баъзе аз кишварҳо тақозо менамояд, ки халқияту миллатҳои дигар сари ин масъала ҷиддан тавақуф карда хулосаи дақиқ бароранду баъдан амал намоянд. Инҷо ман ба иззати нафси бисёре аз созмонҳо расидани нестам вале вақт чунин тақозо мекунад ва масъулиятам маро водор месозад, ки хамчун як шаҳрванд назари худамро баён кунам. Чаро баъзе аз созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ ба масъалаи маҳбусони сиёсӣ ва зудфиребонаи хуқуқи инсон бештар такя карда дар ин масир бисёре аз манфиатҳои давлату миллат ва сокинонро нодида гирифта як мавзуъи кучақро ба мисли як филми бисёрсерияги ба намоиш гузошта мисли занони хомила сақичашонро бо нуги агзуштонашон ёзида боз ба даҳонашон меандозанд?. Аз ин чи манфиатро интизоранд? Бехабар аз он, ки ҳар як миллат арҳишҳои моддиву маънави ва ақлониашро танҳо ҳудаш бояд ҳифз кунаду сари ин масъала қазоват кунад. Таҳлилҳои зиёде нишон доданд, ки дар ин роҳ даҳолати баъзе аз кишварҳо ва созмонҳо ба манфиат набуда балки масъаларо аланга медиҳаду кишвару миллатҳоро ба коми оташу ҷанг мекашад. Чизи дигарро бояд қайд кунам, ки наҳзатиёни бевиҷдон дар митингашон аз қувваи кӯдакон, ки дуруст фикр карда хулоса бароварда наметавонанд истифода кардаанд, ки қобили қабул нест. Магар аз чи шармиданд ин 1000 руяҳо, ки руйи касифашон намудор нашуд ва ё аз чи тарсиданд ва ин саҳнасозиро боз бо чи мепушонида бошанд, ки сирф ноком шуданд... Ин масхарабозҳо бояд аз шарм бимиранд!
Мо таҷрибаи талҳи ҷанги дохилиро чашидаем ва аз майдонбозиву дасисасози ҳазар дорем! Ҳар як ҷавони имрӯзаи мо дорои ҳисси баланди миллӣ, дониши мукаммал ва фаҳмиши амиқ мебошад, ки дар ин роҳ мисли сипар уро ҳимоя мекунад. Сиёсати дурандешонаи меъмори қасри пурарзишу бегазанди сулҳу ваҳдати Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии миллати тамаддунофару фарҳангиамон моро мисли ду се нафар наҳзатиёни шарманда кучагарду беманзил накрдааст.
Корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Аловуддин АМИРЗОДА