ТТЭ ҲНИ ПАЙМОНИ ЗИДДИ МИЛЛӢ

   Чанд моҳ пеш ТТЭ ҲН ва бавижа роҳбари он М. Кабирӣ дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамчун ташаббускори аслии таъсиси чунин эътилоф бо ирсоли даъватномаҳои бешумор хеле талош карда буд, ки дар нишасти банақшагирифтаи хеш теъдоди ҳар чи бештари тоҷикистониёни бурунмарзиро ҷамъ оварад ва дар ин замина, эътилофи худро созмон диҳад. Вале бархилофи интизориҳо ва саъю талошҳои чандмоҳаи Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ бархе аз афроду ниҳодҳои мухолиф на фақат дар ин ҳамоиш иштирок накарданд, балки расман мухолифати худро нисбат ба баргузории он нишаст ва, ҳамчунин, таъсиси дигарбораи ИНОТ изҳор доштанд. Анҷумани нируҳои созандаи Додоҷони Атовуллоҳ, «Гурӯҳи-24», «Ватандор» ва теъдоди зиёди' зиёиёни тоҷикистонии бурунмарзӣ, даъватҳои такрор ба такрори ТТЭ ҲН ва раҳбари он-Кабириро ҷиҳати таъсиси эътилофи нави гурӯҳҳои мухолифони тоҷик куллан ба эътибор нагирифтанд. Маҳз ҳамин мавқеъгирии устувору мушаххаси онҳо ба «ташаббускорон» - у «бунёдгузорон» - и эътилоф имкон надод, ки ҳадафҳои аз қабл матраҳкардаи худро дар кӯтоҳмуддат ба осонӣ амалӣ намоянд. Аммо, М.Кабирӣ бо вуҷуди дарки ин вазъият ва донистани чунин нуқтазаъфи худ даст аз таъсиси эътилоф накашид. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро ТТЭ ҲН бо вуҷуди иддаоҳои мутантану баландпарвозонаи хеш дар хусуси он ки гӯё аксарияти афроди ҷомеаи Тоҷикистон аслан аз мавқеи ҳизби онҳо ҷонибдорӣ мекунанд, боз ҳам ба дастгирии дигар гурӯҳҳои мухолиф ниёзманд будани худро ошкоро ба намоиш гузошт? Сараввал бояд ба эътибор гирифт, ки ТТЭ ҲН ба хубӣ дарк мекунад, ки бо вуҷуди ҳама иддаоҳои мағруронаи хеш аслан ҳеҷ ҷойгоҳ ва пуштвонаи иҷтимоии дигар дар Тоҷикистон надорад, яъне дигар ҳеҷ қишре аз мардуми кишвар ба ин ҳизби ифродгаро ва шиорҳои фиребои он бовар надорад.

   Аз ин рӯ, роҳбарияти ТТЭ ҲН барои ислоҳи ин нуқтазаъфи худ ночор ба ниҳодҳо ва афроди дигарандеши тоҷик рӯй овардааст, то сафи парешони худро мукаммал кунад, аммо афроду ниҳодҳои дигар низ дар заминаи таҷрибаи талхи пешини ҳамкорӣ бо ин ҳизби худхоҳи террористӣ дигар намехоҳанд дубора моргазида шаванд. Маҳз бо дарки ин вазъият ва афзудани таҷрибаву баланд шудани сатҳи фаҳми сиёсии афроду ниҳодҳои дигарандеш ва бавижа бо назардошти вокуниши онҳо дар баробари паймоншиканиҳои пайдарпайи ТТЭ ҲН ҳини фаъолияти эътилофи қаблии неруҳои мухолифони тоҷик, яъне ИНОТ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамаслакони вай пай бурда буданд, ки ҳангоми таъсиси эътилофи нави неруҳои оппозитсионӣ ҳатман ба мушкилӣ дучор хоҳанд шуд. ТТЭ ҲН барои аз ин вазъият аққалан ба таври зоҳирӣ раҳоӣ ёфтан ва дар назди хоҷагони хориҷии худ ҳанӯз масрафнашуда нишон додани энерҷӣ ва зарфияти хеш даст ба найранг заданд. Ин найранг таъсиси созмонҳои худсохта ва рамзие чун «Анҷумани озодандешони тоҷик» (роҳбараш Алим Шерзамонов), «Ҷумбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон» (роҳбараш Шарофиддин Гадоев) ва «Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ» (роҳбараш Илҳомҷон Ёқубов) буд, ки маҳз ба хотири созмон додани эътилофи нав ва пур кардани ҷои неруҳои оппозитсионии қаблии аз ТТЭ ҲН канор гирифта тӯли ҳамин чанд соли охир бо ташаббусу таҳрики худи онҳо таъсис дода шуда буданд. Бубинед, ки эътилофи кунунии ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» маҳз дар заминаи ҳамоҳангии ҳамин се гурӯҳи ношинохтаву камнуфусу камнуфуз ва ТТЭ ҲН ба вуҷуд оварда шудааст. Оё ин гурӯҳҳои худхондаву худсохта ҳаққи аз номи мардуми Тоҷикистон таъсис додани «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро доранд? Албатта не! Зеро ҳеҷ кадоме аз онҳо созмони дар Тоҷикистон аз тарафи мардум эътирофшуда нестанд ва ҳатто қишри андаке аз ҷомеаи кишвари моро ҳам фаро намегиранд. Гузашта аз ин, мардум ҳатто дар бораи мавҷудияти аксарияти ин созмонҳо низ ҳеҷ иттилое надоранд. Пас чӣ тавр бо нишасти чанд нафар афроди худхоҳ ва ҳамоишу рақси дастобадасти аҷибу ғариби онҳо мешавад «Паймони миллӣ»-е таъсис дод, ки он машрӯияти тасмимгирӣ ба ҷои давлати расмй, Парлумони мардумӣ ва 9 миллион нафарро дошта бошад? Маълум аст, ки роҳбарияти ТТЭ ҲН бо чунин амали ҳангомаҷӯёнаи худ, яъне созмон додани чунин эътилофи бебунёд чи ҳадафи муғризонаеро пайгирй кардан меҳоҳанд. Бидуни шак, онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто, аз манфиатҳои милливу давлатӣ кулан сарфи назар кардаанд. Роҳбарияти ТТЭ ҲН ва ҳаммаслакони онҳо бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Бубинед, ин муддаиёнро, ки агарчи зоҳиран лофи ватандорию миллатдӯстй мезананд, аммо амалан алайҳи миллат ва Ватани худ талош меварзанд. Оё ҳамин аст оини ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии онҳо? Магар фаромӯш кардаанд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб, ду даҳсола пеш боиси шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ гардида, Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ шуданд. Магар тақозои дини мубини ислом ҳамин аст? Не, албатта не! Ин тақозои дили чанд муддаии фазлфурӯшу иззатталаб ва ҷоҳпараст асту бас! Аммо, намояндагони ин гурӯҳи тафриқаангез бояд ба еътибор гиранд ва нек донанд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз пайи чунин муддаиёни гумроҳе, ки ҷомеаро ба вартаи ҷангу ҷидолу хунрезй ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳад рафт. Воқеияти ин масъаларо ҳатто дар робита ба сатҳи баргузории нишасти доиркардаи ТТЭ ҲН ва афроди ҳангомаҷӯи онҳо низ метавон пай бурд. Ин воқеият бори дигар исбот кард, ки ТТЭ ҲН як ташкилоти ҳангомаҷӯёну муддаиёни ҷоҳпараст ва террористон асту бас! Баъзан, мешунавем, ки масъулони ТТЭ ҲН зимни мусоҳибаву нишастҳо дар хориҷи кишвар гурӯҳи сиёсии худро яке аз ду қутби тавазуни истиқрори сулҳ ва кафили вахдати миллӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд ва ба ин васила, ҳушдор додан мехоҳанд, ки дар сурати ба эътибор нагирифтани мавқеи онҳо чанбараки амну субот дар ҷомеаи мо мувозинати худро гум хоҳад кард. Ин ғайр аз бузургтарошӣ чизи дигаре нест, зеро ТТЭ ҲН на фақат акнун, балки ҳатто дар даврони ҳассосияти вазъи сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта низ натавониста буд, ҳадди ақал шинохтатарин рӯҳониёни кишварро дар сафи худ ба ҳам овард. Гузашта аз ин, ТТЭ ҲН натавониста буд сабаби сарҷамъии ҳатто рӯҳониёни ИНОТ гардад. ТТЭ ҲН ният дорад, ки дар заминаи ташкили эътилофи дигарбораи гурӯҳҳои мухолифони тоҷик, яъне «Паймони миллии Тоҷикистон» сояи худро аз буда бузуртар ҷилва диҳад ва дар баробари зери бол гирифтани ин неруҳо баландпарвозӣ кунад, аммо воқеият кулан чизе дигареро ба намоиш мегузорад. Наомадани афроду ниҳодҳои асли мухолифандеши тоҷик, аз ҷумла «Анҷумани нируҳои созанда»-и Додоҷони Атовуллоҳ, «Гурӯҳи-24», «Ватандор» ва теъдоди зиёди зиёиёни тоҷикистонии бурунмарзӣ ба нишасти мазкур бо вуҷуди даъватҳои такрор ба такрори наҳзатиҳо далели рӯшани ин ҳақиқат аст, ки ТТЭ ҲН ҳатто дар байни афроду ниҳодҳои мухолифандеши тоҷик низ ҳеҷ гуна обрӯву эътибор ва ҷойгоҳе надорад. Чаро феълан ҳайати раҳбарӣ ва намояндагони ТТЭ ҲН дар хориҷи кишвар дар такя ба сарпарастони манфиатҷӯи бурунмарзиашон, ки аз рӯи таоруф худро бо мардуми тоҷик бародар мехонанд, моҷароҷӯӣ карда, такрори ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро дар Тоҷикистон талабгор ва умедворанд? Оё ин гуна пиндор ва рафтори бадхоҳонаи онҳоро нисбат ба Ватану ҳамватанон метавон мувофиқ ва мутобиқ ба ахлоқи исломӣ донист? Албатта не! Ҳақиқати ин масъала ошкор аст. Ин ҳақиқат, яъне номутобиқатии аъмоли ифротгароёнаву тундравонаи намояндагони ТТЭ ҲН ба меъёрҳои ахлоқи инсониву исломӣ, аз ҷумла барои худи муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст. Аммо барои ин муддаиён ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо аслан на дар паи ҳақиқат, балки дар паи манфиат мебошанд. Зеро онҳо худ абзори сиёсии дигаронанд ва дину мазҳаби худро низ сиёсӣ кардаанду ба абзори сиёсии дигарон табдил додаанд.

«Кушониён»

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.