Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён ба маълумоти Шумо мерасонад, ки ҳодисаҳои рӯзҳои охир аз тарафи дасисакорони собиқ ҲН дар ҷаҳон рух дода, кормандони моро бетараф гузошта наметавонад. Боиси зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд «Дар соле, ки сипарӣ шуда исодааст, мо шоҳиди амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африко ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он кишвар қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагардад».
Ташкилоти экстремистию террористии собиқ ҲН ҳамчун сияҳкорон ба ҷомеа зарар расонида, фитна ангехтаву дурӯғ паҳн карда, ҷавононро гумроҳ намуда, ба роҳҳои нодуруст мебаранд. Мутаасифона, ташкилотҳои террористию экстремистӣ мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ваҳдату суботи моро халалдор созанд. Зеро амнияте, ки ба ивази хунрезиву ҷонбозиҳои ҷавонмардони тоҷик ба даст омадаст, наметавонад иродаи ҷавонони тоҷикро дигар намояд ва набояд пайравони душманони миллати тоҷик бошанд.
Мо итминони комил дорем, ки тамоми мардуми тоҷик аз хурд то бузург аз ҳақиқат огоҳанд ва ин амалҳоро шадидан маҳкум месозанд. Ва ТТЭ ҲН бо ин амалҳои ғаразноку мақсадҳои нопокашон ҳаргиз ба мақсад намерасанд. Аз ин рӯ мо дар чунин шароит барои устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи ваҳдату суббот дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид гардида, ҳаргиз фирефтаи таблиғу ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавем ва бо нишон додани амалҳои созандаю бунёдкорӣ дар арсаи ҷаҳонӣ обрӯи миллати тоҷикро баланд бардорем.
Мудири бахши сабти асноди ҳолат шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён
Холиқзода Г.А.