Аз ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Кушониён

   Рӯзи 21 декабри соли равон ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҷамъиятии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Кӯшониён баргузор гардид.

   Дар кори Шӯро тамоми аъзоён он ва инчунин намояндагони дигар ташкилоту идораҳои ноҳия иштирок намуданд. Тибқи рӯзномаи Шӯро сараввал ҳисоботи котиби Комиссияи Шӯрои ҷамъиятӣ Б.Изатуллозода шунида шуд. Инчунин дар кори Шӯро ҳисоботҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолият менамоянд оид ба фаъолияти хеш дар соли сипаригашта ҳисобот доданд. Аз тарафи аъзоёни Шӯро, фаъолияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятии «Наҷиба» ва Мадад» дар соли 2018-ум қаноатбахш арзёбӣ гардид. Дар охири кори Шӯро нақшаи кори  Шӯро барои соли 2019 аз тарафи аъзоёни Шӯро тасдиқ карда шуд.

 

 

Рӯзномаи Кӯшониён

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.