Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар ноҳияи Кӯшониён кори худро дар соли 2018 ҷамъбаст намуд

   Рӯзи 20 декабри соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар ноҳияи Кӯшониён, таҳти роҳбарии Д. Шукруллозода муовини раиси ноҳия, раиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.

   Дар кори Комиссия тамоми аъзоён ва дигар роҳбарони ташкилоту идораи ноҳия ширкат варзиданд. Тибқи рӯзномаи маҷлис яке аз масъалаҳои баррасишаванда, Нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба иҷрои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва натиҷаҳои санҷиши ин Барнома аз тарафи гурӯҳи корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сараввал тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи котиби Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба  пешгирии коррупсия дар ноҳияи Кӯшониён шунида шуд. Инчунин дар ҷаласа ҳисоботҳои мудири бахши ҷавонон ва  варзиши ноҳия П.Азимов ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён М.Сатторова шунида шуд. Дар фарҷоми ҷаласа нақшаи кори Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба  пешгирии коррупсия дар ноҳияи Кӯшониён, мавриди баррасӣ қарор гирифта аз тарафи аъзоёни комиссия тасдиқ гардид.

 

Рӯзномаи Кӯшониён

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.