Аз ҷаласаи маҷлиси вакилони халқи ноҳия

    Рӯзи 22 декабри соли равон, таҳти роҳбарии Ҷаббори Ғаффор раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён,  иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён даъвати панҷум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия Қ.Сангалиева муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок намуд.

  Дар иҷлосияи  ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, даъвати панҷум масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ  қарор гирифт.

  1. Дар бораи ҳисоботи кории раиси ноҳияи Кӯшониён дар соли 2018.
  2. Дар бораи тасдиқи лоиҳаи буҷети ноҳия барои соли 2019 ва иҷрои буҷети маҳаллӣ дар соли 2017-ум.
  3. Дар бораи тасдиқ намудани меъёри андози маҳаллӣ барои соли 2019.
  4. Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли 2019.
  5. Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия.

 

   Тибқи рӯзномаи иҷлосия, сараввал маърӯзаи ҳисоботии Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Кӯшониён  шунида шуд. Оид ба масъалаи якуми рӯзнома инчунин ҳисоботҳои раисони ҷамоатҳо ва якчанд вакилони халқ пешниҳоди ҳозирин гардид. Оид ба лоиҳаи буҷети ноҳия барои соли 2019 ва иҷрои буҷети маҳаллӣ дар соли 2017-ум сардори Раёсати молияи ноҳия баромад намуд. Доир масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия, дар бораи  тасдиқ намудани меъёри андози маҳаллӣ барои соли 2019 маърӯзаи сардори Нозироти андози ноҳия шунида шуд. Дар фарҷоми иҷлосия аз тарафи вакилони халқ қарорҳои раиси ноҳия тасдиқ гардиданд.

 

«Кӯшониён»

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.