Бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Кушониён зери шиори “Созандагӣ ва бунёдкорӣ” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои созандагиву ободонӣ баргузор шуда истодааст.
Ташаббуси ватандӯстонаи ҳизбиёнро ҳамагон бо хушнудӣ пазируфта, дар шанбегии навбатӣ фаъолона иштирок намуданд.
Иштирокдорони шанбегӣ дарахту ниҳолҳои гуногуни ороишиву сояафкан ва гулҳои мавсимиро дар назди идораву ташкилоту муассисаҳои худ шинонида, бехи ниҳолҳоро нарм намуданд ва ҷўйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза карданд.
Ин ташаббус дар тамоми кӯчаю хиёбонҳо ва дар ҳар хонадон идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ рўз то рўз вусъати тоза гирифта истодааст.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён
М. Сатторова