АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Паём мулоқоти рӯбарӯи Сарвари давлат бо шаҳрвандони кишвараш, ки тамоми мавзуъҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минъбада ҷиҳати пойдорӣ ва устувории амнияти Ватан рушан месозад.
Татбиқи амалишавии Паём як солро дар бар мегирад ва на дар ҳама давлатҳои сайёра ироа мегардад. Паём дар давлатҳое ироа мегардад, ки аз давлату миллати хеш боварии қавӣ доранду сокинонаш дар як фазои амну осоиштагӣ умр ба сар мебаранд. Ифтихори мо тоҷику тоҷикистониён аз он аст, ки ҳар сол дар Ватани азизамон Паёми сарвари давлат ироа мегардад.
Боис ба зикр аст,ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда қайд карданд,ки: «Сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек ба ҳисоб меравад». Дар баробари таҳлили имкониятҳои мавҷуда ва баёни таклифҳо соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Ва ин ташаббуси некбинона идома ёфт.
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ агар дар як навбат Тоҷикистонро ба ҷаҳониён бо доштани осори бойи таърихӣ, фарҳангию адабию илмӣ, урфу одатҳову расму оини ниёгонамонро тавассути шабакаҳои интернетӣ ва дигар расонаҳои хабарӣ муаррифӣ карда бошад. Аз дигар тараф арзишҳои суннатии миллиамонро ба насли ҷавону наврас барои давом додани анъанаҳои неки миллӣ рӯи кор овард. Ва манбаи даромади буҷаи давлату шаҳрвандони алоҳида гардидааст.
Бо шарофати соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саросари мамлакатамон инфрасохторҳои нави ҷавобгӯ ба талаботҳои байналмилалӣ сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла дар ҳудуди ноҳияи Кушониён бо қомат афрухтани иншооту биноҳои баландошёна, аз қабили таъсиси шикоргоҳ, меҳмонхона барои қабули сайёҳон, майдончаҳои варзишӣ, ҳаммом, сартарошхона ва дигар иншоотҳои замонавӣ симои зоҳирии ноҳияро зебою дилрабо сохта, омодагиҳои мардумро аз таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи амалишавии Паёми Пешвои муаззами миллат дарак дод.
Ҷои зикри хос аст,ки дар баробари баргузории Паёми Пешвои миллат (22-12-2017), барқияи табрикотии Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид доир ба қабули Қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028», ки ташаббуси бевоситаи Тоҷикистон аст ворид гардид. Ва ин воқеаи таърихӣ дили сокинони кишварамонро ба ояндаи неку дурахшони Тоҷикистон гарм сохт. Ногуфта намонад,ки дар радифи истиқболи ҷашнҳои давлатӣ боз як рӯидоди муҳими таърихӣ саҳифаҳои таърихномаи миллату давлати азизамонро рангин сохт. Тавре ки мо медонем, яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самти асосии паёмҳои Пешвои миллат ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва дар заминаи истиқлолияти энергетикӣ мусоидат ба рушди соҳаи саноати кишвар мебошад. Зеро ин иқдом боиси чароғон гардидани на танҳо хонадони тоҷик, балкӣ давлатҳои дуру наздики минтақа хоҳад гардид.
Хулоса, сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ва ироа гардидани паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсати сулҳпарварона, инсондӯстона ва бунёдкоронаю созанда доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Ва дастуру супоришҳои дар Паём дарҷгардида барои боз ҳам бештар намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар назди мо масъулияту ташаббускориро қавитар месозад.
Мудири шӯъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи раиси ноҳияи Кушониён
Изатуллозода Бибибул