Дар толори маӯомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, санаи 27 декабри соли равон ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия бо иштироки аъзоёни Шӯрои мазкур доир гардид.
Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур, Ҳ.Давлатов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия иброз дошт, ки шукронаи сулҳу суботи кишвари соҳибистиқлоламонро мекунем, ки ҳамасола аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззамамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми худро ба мардуми сарбаланди кишварамон ироа мегардад. Собиқадорони ноҳияи Кӯшониён, Паёми навбатии Пешвои миллатро бо як рӯҳбаландӣ ва ӯаноатмандии бузург аз тариӯи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуда, барои омӯзиш ва таблиғу фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои Паём ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои, ки дар Паёми Президенти мамлакатамон баён гардид, корҳои омодагию ташкилӣ андешида мешавад. Дар фарҷоми ҷаласаи мазкур қайд доштанд, ки айни замон дар ноҳия 7 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт мебошанд.
“Кӯшониён”