Бахшида ба соли нави мелодӣ дар кӯдакистон №1-и ноҳияи Кӯшониён, чорабинии фарҳангию фароғатӣ бо иштироки васеи тарбиятгирандагон ва падару мордарон баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки тамоми чорабиниҳои идона барои насли наврас, дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ баргузор гашта истодааст, ки ин ҳама хидматҳои беандозаи Пешвои муазаммамон мебошад.
Зимни чорабини мазкур мураббияҳои муассиса ифтихор аз он намуданд, ки дар соли равон, бо ташаббуси М.Мирзоева, мудири муассисаи давлатии таълими томактабии №1-и ноҳияи Кӯшониён, барои тарбиятгирандагони ин муассиса, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кумитаи падару модарон толори кӯдакона, ки муддати тӯлони валангор буд, таъмир гашта, бо шароитҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шуд. Ҳамзамон зикр карданд, ки дар оянда барои сатҳу сифати таълиму тарбияро баланд, бардоштан тамоми кӯшишу талошҳои хешро ба харҷ медиҳанд, то ки дар оянда онҳо наврасони босавод гашта, барои ободу зебо гаштани ватани азизамон саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин дар фарҷоми чорабинии солинавӣ падару модарон аз ташкили чунин барномаи сатҳи баланд, миннадори намуда, иброз доштанд, ки дар оянда бо кӯдакистони мазкур ҳамкориро зич менамоянд.
«Кӯшониён»