БОЙГОНӢ ХАЗИНАИ ТИЛЛОИИ МАМЛАКАТ

   Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми муҳими  мероси таърихию фарҳангии  халқи тоҷик буда, маҷмӯи ҳуҷҷатҳои инъикоскунандаи ҳайёти моддию маънавии халқро дар бар мегирад ва дорои аҳамияти  таърихӣ, доимӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, бадеӣ ва  фарҳангӣ дорад. Ташкили  нигоҳдорӣ ва истифодабарии  Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мундариҷаи кори бойгонӣ-соҳаи  мустақили  фаъолияти давлатиро  дарбар мегирад.

   Кори бойгонӣ ҳамчун  қисми  инфрасохтори  иҷтимоии ҷомеа ҳамеша таҳти  таъсири зуҳуроту ҷараёнҳои  дар он ҳукмрон қарор дошт ва дорад. Имрӯзҳо зарурати  ба таври  интиқодӣ баҳо додан ба натиҷаҳои  ба дастомадаи кори бойгонӣ  ва ба  тарзи консептуали муайян намудани роҳҳои рушди минбаъдаи он ба миён омадааст.

   Солҳои охир дар ҷараёни  татбиқи  сиёсати  Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили  кори бойгонӣ тағйироти куллӣ ба амал омада, ислоҳоти воқеии он оғоз гардидааст.

   Дар ин самт бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён дар асоси   Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармонҳои Раиси вилоят, Раиси ноҳия оид ба масъалаи  кори бойгонӣ, Низомнома, ва нақшаи кории Бахш фаъолият намуда,  Оид ба рафти   иҷрои  қарори  раиси  ноҳияи Бохтар  аз 5 октябри соли 2009, № 432, «Дар бораи  қарори  раиси  вилояти  Хатлон  аз 27 июли соли 2009, №277 «Дар бораи  қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 2 июли соли 2009, №373 «Дар бораи  тасдиқи Барномаи рушди кори  бойгонӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2009-2018» , ки ба охир расида истодааст, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён оид ба бандҳои дахлдори  Барнома нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, қарори дар болозикршударо таҳти назорат гирифта, оид ба  иҷрои он давра ба давра  як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонидааст.

   Дар соли 2017 бо пешниҳоди бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии бевоситаи Раиси ноҳия ҳуҷҷатҳое, ки дар таҳхонаи бинои Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ, ки дар ҳолати  садамавӣ қарор дошт ва ҳуҷҷатҳои идораи бойгонии байниидоравии фармонҳои ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар он маҳфуз буданд, ба толори калони дохили бинои Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ кӯчонида шудааст, ки барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ҷои мувофиқ мебошад. Толори мазкур аз ҳисоби маблағҳои даромади идораи бойгонии байниидоравии фармонҳои ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз таъмири косметики бароварда шуда, бо  камераҳои мушоҳидавӣ насб карда, бо 10 қатор рафҳо барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо таъмин карда шудааст.

   Аз тарафи мудири бахши бойгонии ноҳия ба роҳбарони тамоми корхонаву ташкилотҳо дастур дода шуд, ки мувофиқи «Қоидаҳои асосии кори бойгониҳои идоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд ҳар як корхона аз ҳисоби кормандон ба бойгонӣ вобаста карда шаванд ва ҳамаи шуъбаҳои корхона охири сол ҳуҷҷатҳоро ба бойгонӣ супоранд. Бойгондори корхона вазифадор карда шавад, ки ҳуҷҷатҳоро то расидани муҳлати ниҳоияшон ва нигоҳдории давлатӣ дар ҳолати хуб нигоҳ дошта, дар муҳлати муайян ба бойгонии байниидоравӣ супоранд ва инчунин дар бораи тартиби ҳақи хизматрасони мувофиқи шартномаҳои бойгонии байниидоравӣ ва ташкилоту муассисаҳо, бо роҳбарони шуъбаҳо ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия оид ба  пардохти маблағи бойгонии ноҳия суҳбату вохӯриҳо доир карда мешавад.

   Дар маҳфузгоҳ ҳамаи ҳуҷҷатҳо тибқи Дастурамали Саридораи байгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудаанд.

   Дар бахши бойгонӣ ду нафар ва дар бойгонии байниидоравии ноҳия се нафар бо маълумоти Олӣ кору фаъолият менамоянд ва  ба шаҳрвандон мувофиқи муроҷиаташон аз маводҳои мавҷуда  сари вақт хизмат расонида  мешавад. 

   Бойгонӣ  дорои китоби муроҷиати шаҳрвандон мебошад, ки сари вақт ҳамаи маълумотномаҳо ба қайд гирифта мешаванд. Дар утоқи кории директори бойгонии байнидоравӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиати шаҳрвандон нархнома овезон карда шудааст. 

   Бахши  бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, ки бо мақсади ҳарчи зудтар ҳал намудани масъалаҳои  ҳалталаб, оиди рушди кори бойгонӣ, дар назди худ вазифа гузоштааст, ки татбиқи чорабиниҳоро оид ба мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии бойгониҳои идоравӣ ва бойгонии байниидоравӣ, фароҳам овардани шароити меъёрии нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар ин бойгониҳо, беҳтар намудани ҳайати сифати кадрҳои  вобаста ба кори бойгонӣ, ташкил намудани такмили ихтисоси онҳо дар ҳудуди ноҳия, ҳамчунин вусъат додани таҷрибаи пешқадам ба роҳ монад.

 

Мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти

  давлатии ноҳияи Кӯшониён

Ш.Ҷумаева

Миёна: 3.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.