Рӯзи 31 декабри соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии И.Қосимзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳия оид ба баррасии мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат баргузор гардид.
И.Қосимзода бахусус оид ба Барномаҳои нави қабулгардида, ҳадафи нави Стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонида мешавад қайд намуд. Инчунин оид ба қабул гаштани соли ҷорӣ «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул гардид таъкид намуданд. И.Қосимзода ёдовар шуд, ки дар Паёми навбатии Президенти мамалакат қайд гардид, ки минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Барои мисол метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ – маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар кормандон ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расидааст. Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор нафар кормандон 25 ҳазор нафари онҳо занону духтарон буданд. Ин нишондиҳанда соли ҷорӣ аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, ба 51 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд мебошад. Имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот аз тарафи Пешвои миллат пешниҳод гардид, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.
«Кӯшониён»