ПАЁМ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

   Кормандони Ҷамоати деҳоти «Ориён»- и ноҳияи Кӯшониён аз шунидаи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон ба воситаи садо ва симои ҷумҳурӣ шунида, рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд. Дар ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, ки ҳадафҳои асосии давлатро барои соли 2019 муайян менамояд, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро баҳри рушди устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисодию хоҷагии мамлакат доир ба беҳтаршавию баландбардории дараҷаи некӯаҳволии халқ возеҳу равшан баён намудааст.

   Паёми имсола ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан, Паём муҳимтарин Бахтномаи миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.

   Пешвои миллат аз минбари баланд ба мардуми Тоҷикистон расман дар бораи расидан ба ду ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд. Зикр шуд, ки «Ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Рогун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи "Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад».

   Бо ифтихор ва сарбаландӣ зикр карда шуд, ки «Соли ҷорӣ мо на танҳо барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор гузоштем, балки бори аввал дар 27 соли соҳибистиқлолии кишварамон ду ссли охир мардуми мамлакатро пурра бо барқ таъмин намуда, дар ҳаҷми қариб 3 миллиард киловатт - соат неруи барқ содирот кардем».

   Дар Паёми навбатии худ Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноаткунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон доштанд. Расидан ба ин ҳадаф рушду нумӯи иқтисодӣ ва зиндагии осудаю шоистаи аҳолии кишварро таъмин хоҳад кард. Бо назардошти аҳмияти эузурги ҳадафи мазкур дар мамлакат аз ҷониби сармоягузории ватанию хориҷӣ дар заминаи технологияи муосиру инноватсионӣ даҳҳо коргоҳҳои истеҳсоли мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҷойҳои нави корй таъсис дода мешаванд, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ ба куллӣ коҳиш меёбад.

   Бешубҳа, муваффақ шудан ба саноаткунонӣ чун ҳадафи чоруми миллӣ ва гузариш аз рушди аграрӣ ба саноатию аграрӣ имкон хоҳад дод, ки Тоҷикистон солҳои наздик дар ҷаҳон чун давлати содиркунанда бо номгӯи зиёди маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ муаррифӣ шавад.

   Сарвари давлат аз ҷумла қайд намуд, ки тибқи нақшаи корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар баробари сохтмон ва таъмиру тармими иншооти таъиноти иҷтимоӣ, инчунин, мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, махсусан деҳот бояд ҳал карда шаванд ва «Соли ҷушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшид.

   Аз ин лиҳоз, бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои г ткршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот аз тарафи Президенти муаззами мо пешниҳод гардид, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад.

   Ҳар як дастуру супоришоти дар Паём дарҷгардида яъне дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ, то соли 2030 афзоиш додани ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то ба 22 фоиз, эълон кардани саноатикунонии босуръати кишвар ба сифати ҳадафи чоруми миллӣ, “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ”, эълон кардани солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз зумраи ҳадаф ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзу фардои рушди давлатдорӣ ва иқтисоди миллӣ мебошанд, мо кормандони Ҷамоати деҳоти “Ориён” - ро, ки новобаста бо мардуми маҳал сару кор дорем водор менамояд, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузошта, ба ин масъалаҳои муҳими рӯз эътибори ҷиддӣ диҳем. Барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии мардуми маҳал аз ҷумла наврасону щвонон шароити мусоид фароҳам созем, тарғиби адабиёти зикргардидаро боз ҳам васеъ ба роҳ монда, мувофиқи нақшаи чорабиниҳои оммавӣ ин нишондодҳои муҳими дар Паём зикр гардидаро мавриди омӯзиши мардум қарор диҳем.

   Аз ин рӯ, муттаҳидй дар атрофи Пешвои миллат ва фаҳмиши баланди давлату давлатдорӣ, ватану ватандорӣ, дарк ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳалли масъалаҳои дар назди давлату миллат гузоштаро осон мегардонад ва рушди иқтисодиву иҷтимоии имрӯзаи Тоҷикистон натиҷаи суботи бардавом ва устувори сиёсй аст. Фазои осудаи кишвар, вахдати саросарии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ватандорй аст, ки моро қадам ба қадам ба сӯи музаффарият ва фатҳи қуллаҳои мурод раҳнамун месозад.

 

 

 

Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти “Ориён” – и ноҳияи Кӯшониён

Инъомҷон Настретдинов

 

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.