Аз ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ

   Рӯзи 3 январи соли 2019 ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.

     Шӯро таҳти роҳбарии Раиси Шӯро, муовини раиси ноҳия Д.Шукруллозода оғоз гардида, дар кори Шӯро тамоми аъзоёни он иштирок намуданд. Сараввал ҳисоботи котиби Шӯро, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия Б.Иззатулозода оид ба амалишавии рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1409, аз 13 феврали соли 2013 «Дар бораи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва фаъолияти Шӯро дар соли 2018 шунида шуд.

IMG_4266.JPGИнчунин дар кори шӯро мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия К.Нурмаҳмадзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия М.Раҳмонова ва намояндаи ШВКД дар ноҳия ба музокира баромаданд. Сипас тибқи рӯзномаи ҷаласа, нақшаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён барои соли 2019 аз тарафи аъзоёни Шӯро мавриди баррасӣ  қарор гирифта, якдилона тасдиқ карда шуд.

 

 

«Кӯшониён»

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.