Мувофиқи нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён вохӯриҳои гуруҳҳои таблиғотии доимамалкунандаи ҳизбӣ оид ба расонидани мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”,ки рӯзи 26 декабри соли 2018 ироа гардид, ба аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия баргузор гардид.
Дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” чунин вохӯрӣ баргузор гардид, ки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён муҳимтарин нуктаҳоро аз Паёми Президенти мамлакат зикр карда, даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани ин дастури муҳим пурмаҳсул ва садоқатмандона фаъолият баранд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён