Дар таърихи рӯзи 26 декабри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмон ба парламони кишвар паёми навбатии худро, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон мебошанд, ироа шуд.
Президенти кишвар дар Паеми навбатии худ “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро натиҷагири намуда гуфт, ки дар ин сол шумораи сайёҳон нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест. Ҳамчунин ӯ сохтакориҳои баъзе аз масъулини давлатиро танқид намуда, иброз намуд, ки маҳсули меҳнати ҳунармандонро ҳамчун самараи кори анҷомдодаи худ муарифӣ накунед. Сарвари давлат як солро барои рушди соҳаи сайёҳӣ нокофӣ ҳисобида, бо мақсади рушди ин соҳа, ҳунарҳои мардумӣ ва инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод намуд, ки солҳои 2019 2021” “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ “ эълон карда шавад.
Ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аттестатсия гузаронида шаванд. Дар баробари ин Сарвари давлат таъкид намуданд, ки таълим ва омӯзиши забонҳои руссӣ-англисӣ боз ҳам тақвият дода шавад.
Муовини раиси Ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод”
Ш.А. Фагҳулоева