Беш аз 50 ятимони кулл соҳиби сару либоси зимистона гаштанд

   Санаи 14 январи соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки  Ҷобирзода Тоҳир Гул вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идигул Қосимзода раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д.Шукруллозода муовини раиси ноҳия ва дигар шуъбаю бахшҳои ноҳия ба беш аз 50 ятими кулл туҳфагузорӣ карда шуд.    Имрӯзҳо соҳибкорону саховатмандони ҷумҳурӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба бепарасторону ятимон дасти кумак дароз мекунанд. Ин иқдоми наҷиби Пешвои муаззамамонро,  Ҷобирзода Тоҳир Гул вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи кори худ қарор дода, аз ҳисоби буҷети оилавиашон ба беш аз 50 ятимони кулли ноҳия сару либоси зимистона тақдим карданд. Ҷобирзода Тоҳир Гул, зимни туҳфагузорӣ гуфт, ки ҳар яки мо бояд шукронаи ободи ва сулҳу суботи диёри биҳиштосоямонро намоем, зеро аз тарафи Ҳукумати кишварамон барои ятимон ва бепарасторон, ҳамасола  маблағи муайян ҷудо карда мешавад.  Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки роҳбари давлатамон дар ҳар як сафари кории худ, бо ятимону бепарасторон вохӯрда сари онҳоро ҳамчун падарвор сила мекунад ва таъкид мекунад, ки ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторон худро яккаву танҳо ҳис накунанд, чун, ки ҳукумату давлат ҳамеша ба онҳо кӯмак мекунанд- гуфт ӯ.

IMG_4351.JPG

   Аз ин иқдоми хайрхоҳонаи  Ҷобирзода Тоҳир Гул вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимони ноҳия хушнуд шуда, минадори худашонро  сараввал ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳаққи ятимону бепарасторон ғамхори зоҳир менамоянд ва барои чунин туҳфаҳои зимистона ба Ҷобирзода Тоҳир Гул изҳорӣ сипос намуданд.  Ҳамчунин онҳо ваъда доданд, ки дар ҷавоб ба инқадар дастгирию ғамхориҳои давлату ҳукумат ва  саховатпешагон, муассисаҳои таълимиро бо сари баланд хатм намуда, дар Донишгоҳои олии ҷумҳурӣ дохил шуда, баҳри миллату давлатӣ хеш саҳмгузор бошанд. Ҳамзамон дар фарҷом барои  кӯдакони ятим аз тарафи ин шахси саховатпеша хӯроки нисфирӯзӣ дода шуд.

IMG_4372.JPG

 

Аҳлиддини Муборакшоҳ

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.