Вохурии фаъолони ноҳияи Кӯшониён дар ҷ.ш.Бӯстонқалъа

   Санаи 15 январи соли 2019 Вохурии фаъолони ноҳияи Кӯшониён тибқи нақша чорабинии раиси ноҳия аз 31 декабри соли 2018 «Оид ба барраси намудани муҳтавои нуқтаҳои асосии Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018» дар ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа баргузор гардид.

   Муовини раиси ноҳия Шукруллозода Д. ба сухан баромада мақсаду мароми вохуриро ба иштирокчиён фаҳмонида гуруҳи кориро ба онҳо шинос намуда, қайд карданд, ки  ҳамасола  Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад ва имсол низ рӯзи 26 декабри соли 2018 баргузор гардид, ки тамоми самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвари азизамонро барои имсол муайян намуданд.

   Дар охир муовини раиси ноҳия Шукруллозода Д. аз номи ҳамаи иштирокдорони вохурӣ ба сухан баромада қайд карданд, ки аҳли ҷамоатчигии шащраки Бохтариён аз Паёми Сарвари давлат руҳу илҳоми тоза гирифта дар кору зиндагии худ минбаъд, ҳамчун раҳнамо ва дастури фаъолияти худ Паёмро сармашқ намуда барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кучаву маҳал ва ҷамоати худ саҳми арзандаашонро гузошта дар истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корҳои созандагию бунёдкории худ саҳми арзандаашонро мегузоранд.

 

«Кӯшониён»

Миёна: 4.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.