Мураббии намуди гуштини Дзю-до Абдулло Наботов аз ноҳияи Кӯшониён беҳтарин мураббии соли 2018 дар вилояти Хатлон эълон гардид.
Абдулло Наботов солҳои зиёд аст, ки наврасону ҷавононро аз рӯи намуди гуштини Дзю-до дар ноҳияи Кӯшониён тарбия намуда истодааст. Меҳнати содиқона ва софдилонаи Ӯ буд, ки шогирдаш Сулаймони Ҷамшед дар соли 2018 дар 4 мусобиқаҳои сатҳи Байналмиллалӣ сазовори ҷойҳои аввал гардида ба олимпиадаи “Наврасон 2018”, ки дар шаҳри Буйнос Айреси давлати Аргентина баргузор гардид, роҳ ёфт.
Сулаймони Ҷамшед нахустин варзишгари ҷавон аз вилояти Хатлон буд, ки дар олимпиадаи “Наврасон 2018” иштирок намуда сазовори медали “Биринҷӣ” гардид.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия
Азимов Парвиз