Рӯзи 19 январи соли равон бо мақсади шиносоӣ ва қабули шаҳрвандони ноҳия, пеш аз оғози маҷлис Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон бо Файзинисо Рустамова, Файзиддин Раҳматов ва Меҳри Кенҷаева собиқадорони меҳнатӣ ноҳия вохӯрда, аз вазъи зиндагонии онҳо шиносоӣ пайдо намуда, сӯҳбати самимӣ гузаронданд. Инчунин ба онҳо аз тарафи раиси вилоят, кӯмаки моддиву молиявӣ тақдим карда шуд. Сипас дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён вохӯрии раиси вилоят баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур тамоми роҳбарияти ташкилоту идораи вилоятӣ, ноҳиявӣ ва сокинони ноҳия иштирок намуданд. Пеш аз оғози натиҷагирии фаъолияти ноҳияи Кӯшониён дар соли 2018, аз тарафи раиси вилоят қабули шаҳрвандон баргузор гардид. Бештари шаҳрвандони муроҷиаткарда, оид ба таъмин намудани онҳо бо замини наздиҳавлигӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони сеху корхонаҳои саноатӣ, майдончаҳои варзишӣ, кошонаи ҳусн ва барои сохтмони фермаи мурғпарварӣ дархост намуданд. Як нафар зан барои фарзандаш, ки имконияташ маҳдуд аст, аз раиси вилоят хоҳиш намуд, ки фарзандашро бо аробачаи маъюбӣ таъмин намоянд. Барои қонеъ намудани муроҷиати шаҳрвандон, ба роҳбарияти ноҳия ва масъулин дастур ва супориш дода шуд, ки бо назардошти талаботҳои қонунҳои амалкунанда ва имкониятҳои ноҳия, дар мӯҳлати кӯтоҳтарин баррасӣ гардида, ҳали худро ёбанд. Хамзамон баъд аз қабули шаҳрвандон ҳисоботи Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Кӯшониён оид ба тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Кӯшониён дар соли 2018 шунида шуд. Дар ҳисоботи раиси ноҳия қайд гардид, ки дар давраи соли сипаригашта ҷамъоварии андозҳои давлатӣ 102,9 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 35 миллиону 959 ҳазору 228 сомонии дар нақша буда, 36 миллиону 994 ҳазору 967 сомонӣ ҷамъоварӣ гардид. Ҷамъи андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,1 фоиз иҷро карда шуд. Қисми хароҷоти буҷет бошад 96 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 80 миллиону 461 ҳазору 149 сомонии дар нақша буда, 77 миллиону 390 ҳазору 897 сомонӣ хароҷот шуда, дар ҳама соҳаҳои буҷетӣ музди меҳнати кормандон ва нафақаи нафақахӯрон бо пуррагӣ пардохт карда шудааст. Дар соли 2018 дар ноҳия 1035 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки 40 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти содироти аз ҳисоби кишоварзони ноҳия бошад 3,217 тоннаро ташкил медиҳад, ки ин 100,3 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия ба маблағи 1 миллиарду 198 миллиону 927 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 75 миллиону 531 ҳазор сомонӣ зиёд буда, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсол кардашуда 959 миллиону 412 ҳазору 400 сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 230 миллиону 90 ҳазору 400 сомонӣ ба соҳаи саноат ва 9 миллиону 424 ҳазор сомонӣ ба соҳаи сохтмон рост меояд. Кишоварзони ноҳия соли ҷорӣ мувофиқи дурнамо дар майдони 11.250 гектар замин пумбадона кишт намуда, дар асоси варақаҳои қабули пахта (17 ВҚ) ба заводҳои коркарди пахта 22 ҳазору 96 тонна, пахта супориданд, ки ин 100,4 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Инчунин барои ҳосили соли 2018 кишоварзони ноҳия дар майдони 1091 гектар ғалладона, 201 гектар ҷуворимакка барои дон, 2002 гектар сабзавот, 500 гектар картошка, 96,3 гектар зироатҳои хӯроки чорво ва ғайра кишт намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабзавот 880 гектар ва картошка 288 гектар зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳия барои ҳосили соли 2019 дар майдони 1234 гектар ғалладона, 589,3 гектар сабзавот, ки аз он 165 гектар пиёз, 174 гектар карам, 150 гектар сабзӣ, 100,3 гектар дигар намуди сабзавотҳо буда, инчунин дар майдони 441 гектар картошка ва 96,3 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт намудаанд. Баъд аз шунидани ҳисоботи раиси ноҳия, пурсиши ташкилоту корхонаҳо ва шуъбаю бахшҳои ноҳия ба амал омад. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба роҳбарият ва масъулини ноҳия баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва сазовор ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд
«Кӯшониён»