Худо кунад, мукофоти амали нават - ҷонат бигирад!

   Зуҳурии навбатии саркардаи Ташкилоти Экстремистии Террористии Ҳизби Наҳзат дар зери бозсозии хеш дар гуруҳи нави «Паймони миллӣ» тарики шабакаҳои интернетӣ кори маьмулии сиёсатбозии Кабирӣ зери найрангҳои пешин ва хоҷагонаш мебошад. Тавассути ин расонаҳо аз барномаи ҷаддиди «Паймони миллӣ» ва роҳандозии ин барнома дар Тоҷикистон суханпардозӣ намудааст! Тасмими навбатии ӯ ва ҳаммаслаконаш дар марҳалахои аввали солҳои пешазинтихоботӣ боз зери барномаи ташкилоти дуруғинаш, ки шояд аз 3 ё 5 нафаре беш нестанд, тамоми мардумони кишварамонро ба сӯйи роҳгумӣ кашонидан ва фазои орому осудаи Тоҷикистонро ноорому ноосуда кардану, таваҷҷуҳи мардуми ғарбу шарқро ба  «бозии нав» кашида тавонистан аст! 

   Аммо бо ҳазорҳо ҳазорҳо ифтихору сарфарозиҳо боз дар ҷавоби ин хиёнатпешаи ватанфуруш мегӯем: Мо намешиносемат, фарзанди нохалафи ватанфуруш мурда беҳ! Чуноне ки Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар қарни 10 гуфтааст:

Ҳама сар ба сар, тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!

   Чун душмани ҷони мардуми нуҳмиллион нафараи Тоҷикистон мешиносемат, пас хатост ,ки аз беақлӣ кори наве ё  бозсозии ҷаддиде  таҳрезӣ намойӣ! Зеро ин маротиба он «бозсозии ҷаддидат» аз тани нопокат ҷонат меситонад!

 

 

Д.Шукруллозода

муовини раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 4.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.