Имрӯзҳо сокинони сарбаланди ноҳияи Кӯшониён, сиёсати созандагию ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззамамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи корӣ худ қарор дода, инчунин бо эълон гаштани солҳои 2019-2021 “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, барои ободу зебо гардонидани кӯчаю деҳаҳо, рӯзҳои истироҳатӣ бо як рӯҳияи баланди ватандӯсти хештаншиносӣ ва ободкорӣ ба шинонидани гулу буттаҳои ҳамешасабз мебароянд. Тибқи иттилоъи масъулини шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия аз оғози соли равон то инҷониб 4 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабз, шинонида шудааст, ки ин дарахтон метавонанд дар чор фасли сол барои истироҳату фароӯати сокинони ноҳия сояафкан бошанд. Барои бозҳам зебову обод гардидани маркази ноҳия аз ҳисоби соҳибкорон ва ташкилоту идораҳои ноҳия, дар ду тарафи роҳӣ марказии ноҳия чароӯҳои равшандиҳанда насб карда шудааст, ки сокинон метавонанд дар шабонгоҳ сайру гашт намоянд. Танҳо дар моҳи январ ва феврали соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 25 ҳазор гулҳои садбарг шинонида шудааст.
Барои истироҳату фароӯати сокинони ноҳия бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша, дар боӯи марказии ноҳия, ки 6,5 гектарро ташкил медиҳад, корҳои гулшинонӣ ва ободонӣ бо суръат рафта истодааст. Тибқи нақшаи таҳрезигардида, роҳравҳои дохилии боӯ бо сангҳои ороиши оро дода мешаванд ва ҳамзамон тамоми гирду атрофи боӯи фарҳангӣ чароӯон карда мешаванд. Барои фароӯати кӯдакон бошад, таҷҳизотҳои бозиҳои шавқовар насб карда мешавад, ки симои боӯро бозҳам дигаргун месозад. Ҳамчунин барои зебо гаштани дохили боӯ аз ҷониби роҳбарони ташкилоту идораҳои ноҳия беш аз 10 ҳазор гулҳои ороишӣ шинонида шуд. Имрӯзҳо ноҳияи Кӯшониён дар баробари дигар шаҳру навоҳи вилояти Хатлон рӯз аз рӯз ободу зебо гашта истодааст ва ҳамин аст, ки дар ҳудуди ноҳия чандин иншоотҳои маишию хизматӣ ба истифода дода шуда истодааст. Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бо шукуҳи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сокинони ноҳия тамоми кушишу талошҳои хешро ба харҷ дода истодаанд, ки барои пешрафту ободонии як гӯшаи диёри биҳиштосоямон саҳмгузор бошанд.
Аҳлиддини Муборакшоҳ