Озмуни «Дастархонороӣ» дар ноҳия баргузор гардид

   Рӯзи 5 уми феврали соли равони дар Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён озмуни «Дастархонороӣ» бо иштироки Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии виляти Хатлон Сафарбек Шарифзода,  Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, сармутахассисони танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои  иштрок намуданд.

IMG_4550-2.jpg

   Ба хотири арҷгузорӣ ба ташаббуси наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019-2021-ро солҳои “Рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард, занону духтарони ҳунарманди ноҳия, ки ҳунарҳои дӯхтани, сузанидӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ доштанд, ба маразӣ тамошо гузоштанд, ки ҳунару маҳорати онҳоро баҳои баланд доданд.

IMG_4523-3.jpg

   Ҳамзамон Диловаршоҳ Сафаров, мутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими гуфт, ки дар баробари баргузории як қатор чорабиниҳои, ки ба Паёми пурҳикмати Пешвои муаззамамон вобастаги дорад, илова бар ин бо пешниҳоди роҳбарияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 “Баргузории фестивал, намоиши, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” озмун таҳти унвони «Дастархонороӣ» баргузор карда мешавад. Диловаршоҳ Сафаров, мутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия илова намуд, ки  баробари роҳандози гардидани ин чорабини бори дигар сокинони ноҳия ба масъалаи эҳёи расму оинҳои миллиамон дар алоқаманди ба омода намудани хуришу хурокҳои миллӣ рӯ оварда таасуроти хешро баланд бардошта умед аст, ки намояндагони мо дар давраи дуюму сеюм ин озмун мақсаднок соҳиби мақоми хосса мегарданд,»- афзуд Диловаршоҳ Сафаров, мутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳия.  Чуноне ки дар фарҷом занону духтарони ҳунарманд қайд доштанд, барои озмунҳои сатҳи вилояту ҷумҳурӣ омодагии ҷиддӣ дида, ба хотири сазовор гаштани ҷойҳои намунавӣ, тамоми кӯшишу талош меварзанд, ки ғолибиятро ба даст оранд.

 

Аҳлиддини Муборакшоҳ

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.