Рӯзи 18 феврали соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, доир ба мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ, таҳти роҳбари муовини раиси ноҳия ва аъзоёни комиссия оид ба мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи мазкур Маҳмаюсуф Боймаҳмадов, муовини сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Салоҳиддин Алимзода, сардори Сарраёсати иҷтимои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Шуҳрат Шокиров, сардори Сарраёсати таҳлилӣ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, А.Иброҳимзода, муовини раиси ноҳия, М. Сайвализода, раиси дастгоҳи ноҳия инчунин раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони талкишоту идраҳои ноҳия иштирок доштанд.
Бадахшон Амриева сардори Раёсати омор дар ноҳияи Кӯшониён «Оид ба рафти корҳои тайёрӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ноҳияи Кӯшониён дар соли 2020» баромад намуда, иброз дошт, ки барӯйхатгирии аҳолӣ яке аз сарчашмаҳои муҳими маълумот дар бораи аҳолӣ ба шумор рафта, дар сатҳи умумии ҷумҳуриявӣ тавассути пурсиши фардии истиқоматкунандагони мамлакат ба даст оварда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Миллали Муттаҳид буда, новобаста аз буҳронӣ сиёсӣ ва молиявӣ соли 2000- ум бори нахуст «Барӯйхатгирии аҳолӣ» ва соли 2010 - ум «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил»-ро гузаронида, ба корҳои тайёрӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи навбатии соли 2020 оғоз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ҳамеша ҳамин нуқтаро таъкид месозад, ки баҳисобгирии оморӣ бояд ҳатмӣ, ва пурра ва бе ягон нуқсони амалӣ карда шавад. Ба ҳамин хотир мақомоти давлати ҷиҳати ба меъёрҳои стандартҳои байналмиллалӣ мутобиқ будани ҳисоботҳо ва тадбирҳои зурурӣ андешиданд. Дар идомаи баромадаш Бадахшон Амриева ёдовар шуд, ки яке аз корҳои муҳими давраи тайёрӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи соли 2020- ин муайян сохтани сарҳади ноҳия, батартиб даровардани номи кӯчаҳо, рақами биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ дар маҳаллаҳо ва гузоштани лавҳаҳои номи кӯчаҳо ва маҳаллаҳои ноҳия мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бархе аз мақомотҳои дахлдори ноҳия дар ин самт хунукназарона буда, дар сатҳи ҷамоатҳо, шаҳраку маҳаллаҳо оғоз гардида бошад ҳам, вале боз беҳбудиро талаб менамояд. Ҳадафи асосӣ барои номгузорӣ ва рақамгузории маҳаллаҳо, хонаҳои истиқоматӣ, ҳуҷраҳо ва биноҳои ғайрииситиқоматию ёрирасон дар маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия ин таъмин намудани корҳои самараноки ёрии таъҷилии тиббӣ, кори шӯъбаҳои алоқа, хадамотҳои садамавӣ, корхонаҳои манзилию коммуналӣ, расонидани хизматрасониҳои гуногун ба аҳолӣ ва гузаронидани ҳар гуна тадқиқотҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилӣ мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019-2021-ро “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид ва ин боиси он мегардад, ки ба кишвари мо сайёҳон рӯ ба афзоиш меоранд. Имрӯзҳо дар гӯшаю канори кишварамон корҳои ободу ободонӣ бо маром идома дошта, ноҳияи Кӯшониён низ яке аз ноҳияҳои калонтарин дар вилояти Хатлон ба хисоб рафта корҳои ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳо дар ин ноҳия идома дорад. Рафти корҳои ба тартиб даровардани номи кӯчаҳо, рақами хонаҳо дар маҳаллаҳои ҷамоату шаҳрак, ки вазифаи аввалиндараҷа ва ҳаррӯзаи манзилию комуналии ноҳия ба ҳисоб меравад, ба талабот ҷавобгӯ нест.
Ҳамчунин Бадахшон Амриева, илова намуд, ки ба хотири аниқ намудани дурустӣ ва пуррагии ба ҳисобгирии ҷории аҳолиеро, ки дар хонаҳои истиқомати ва дигар биноҳои маҳаллаҳои шаҳри зиндагони зиндагӣ мекунанд, ҳанӯз моҳи августи соли 2017 мактуби якҷояи Агенти омор ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани тафтиши саросарии дурустӣ ва пурагии баҳисобгирии ҷории аҳоле, ки дар маҳаллаҳои шаҳри зиндагӣ мекунанд, ба имзо расид. Мувофиқи маълумотҳои аз масъулин воридгардида, аз 235 ҳазору 364 нафар аҳоли дар ноҳияи Кӯшониён аз 1- уми феврали соли ҷори истиқоматкунанда, то ба имрӯз ҳамагӣ 175 ҳазору 908 нафар аз он ҷумла дар маҳаллаҳои деҳот 160 ҳазору 991 нафар аҳоли дар маҳаллаҳои шаҳрак 14 ҳазору 917 нафар аз тафтиш гузаронида шудааст .
Аҳлиддини Муборакшоҳ