Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таи солҳо ироа гардид, тамоми мавзӯъҳои муҳим ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт.
Дар Паёмҳои қабли доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир қайд гардида буд. Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ мутаасифона имрӯз ҳам паст намудааст. Терроризм ва ифродгарои беш аз ҳарвақта авҷ гирифта бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба праблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст.
Фоҷиаи хунин, ки рӯзи бисту нӯҳуми июли соли 2018, ки дар Себистони Данғара нисбати меҳмонони Тоҷикистон сурат гирифт, яке аз фоҷиаҳои такондиҳанда барои ҳамаи сокинони кишвар гардид. Ҳарчанд қурбониёни он мардуми бегона бурданд, аммо фоҷиа барои ҳамаи мардуми тоҷик шуд. Зеро террористон қалби сокинони кишвар, меҳмонони моро зери ҳадаф қарор доданд.
Аксари кулли намояндагони Созмонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва сафоратҳо ин ҳамлаи ғофилонаро сахт маҳкум мекунанд ва тайёранд дар тафтишу баррасии ин ба ҳукумати Тоҷикистон кӯмак расонанд. Аммо ба як чиз бояд эътимод дошт, ки ҳарчанд дарднок аст. Аммо ангушти шашумро бояд бурид.
Рӯйдодҳои охири ҷаҳон яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи назди, Осиё, Африкаи шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Фаолияти созмонҳои террористи торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо аз ҷумла дар ҳамсоя кишвари мо Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифродгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро надида мегиранд. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯбарӯ омадани қувваҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори навӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда Истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебназир гардидааст. Чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.
Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза ба терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмилалӣ муқарар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳурати терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд.
Тоҷикистони соҳибистиқло, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта доварони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз саргузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷоние дида буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза ба ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.
Воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябри соли 2015, яъне сӯиқасди табаддулоти муасаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон сурат гирифтанд, бори дигар нишон доданд, ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст нақашида ва мехостанд нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридану гумоштагонашон амалӣ гардонида ба сари мардуми мо низоми бегонаро мехостанд таҳмил намоянд.
Вале хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш карданд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онҳоро мисли солҳои навадуми асри гузашта ба фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷраи созандагиву бунёдгарӣ берун созад.
Ҳодисаҳои зикршуда равандҳои муосири сайёра ва ваъзи минтақа хушдор медиҳад, ки мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем.
Ҷангу низоъ ва мухолифати мусаллаҳона даҳшат аст, қатлу куштори одамони бегуноҳ аст, қашоқиву бенавоӣ бадбахтӣ, қасодии иқтисодӣ ва шикасти низоми қонунияту давлатдорист.
Мо даҳшату ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душмани миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд.
Аз ин рӯ, мо ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳастем ва хоҳонем, ки тамоми мухолифоту низоъҳо дар кадом минтақа ё кишваре, ки набошад, танҳо ба роҳҳои осоишта ва музокирот ҳаллу фасл карда мешавад.
Ба назардошти ин ҳамаи мову Шуморо зарур аст дар амалӣ намудани ҳамаи ҳадафҳои неку созанда, ки аз муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, сарҷамъбошем ва бо кору амалӣ созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем.
Директори муассисаи таҳсилоти
Иловагии ноҳияи Кӯшониён:
Хушмадова С.