Тантанаҳои ҷашни «Рӯзи модар» дар ноҳияи Кӯшониён

   Рӯзи 6 марти соли равон, бахшида ба таҷлили «Рӯзи  модар», дар толори Кохи фарҳангӣ ноҳия, бо иштироки Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия роҳбарони ташкилоту идораҳо ва бонувони гиромиқадр, чорабинии тантанавӣ баргузор  гардид.

   Пеш аз оғози чорабинӣ бо мақсади арҷгузори ба иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззамамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019-2021- ро соли “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст, дар саҳнӣ бинои Кохи фарҳангӣ ноҳия, занону духтарони ташкилоту корхонаҳо ва занони ҳунарманди ноҳия, ҳунарҳои дасти хешро аз қабили маҳсулотҳои нонӣ, хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маразӣ тамошо гузоштанд. Зимни боздид аз чунин ҳунарҳои сатҳи баланд, раиси ноҳия  ба занон ва духтарон баҳои баланд доданд. Ба хотири табрики занону модарон, раиси ноҳия бо меҳмонони олиқадр ба толори Кохи фарҳанг ворид гардиданд. Сараввал раиси ноҳия ҳамаи занону модарони ноҳияро ба рӯзи 8-уми март табрику таҳният гуфта иброз дошт, ки   имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии худ, яъне тарбияи наслӣ ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаётӣ сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободонии кишвар саҳми басо арзишманд дорад. Модарони мо дар ҳифзу нигоҳдошти расму оинҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои ниёгон нақши муҳим доранд. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳои худ ба нерӯи занону модарон ва ҷавондухтарон такя намуда, онҳоро борҳо «нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаанд.

IMG_4985_0.JPG IMG_5018.JPG

   Дар сатҳӣ давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзӣ модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳӣ равшанӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати  хосса соҳиб гаштани онҳо мебошад,»- қайд намуданд Ҷаббори Ғаффор Дар чорабинии мазкур аз тарафи мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ба як қатор занони собиқадори меҳнат ва занони фаъоли ноҳияро бо ифтихорнома ва туҳфаҳои пули қадрдони карда шуданд. Ҳамзамон шуъбаи фарҳанги ноҳия, ба хотири болидахотирии   занону модарон, саҳначаҳои тарбиявӣ ва суруду таронаҳои ҷаззоб дар васфи  зан - модар иҷро намуданд.

 

 

Аҳлиддини Муборакшоҳ

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.