Тамрини ситоди мудофиаи граждании давраи зимистона дар ноҳияи Кӯшониён

    Рӯзи 27 феврали соли 2019, соати 6 00  дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади иҷрои амри Сардори мудофиаи граждании ноҳия  аз 26 январи соли 2019, №1 «Дар бораи гузаронидани тамрини ситоди мудофиаи граждании давраи зимистона дар мавзӯи: «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании ноҳияи Кӯшониён ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулода (Боридани боронҳои пай дар пай, баланд шудани сатҳи оби дарёи Вахш ва омадани сел) ва зери обмонии ҳудуди деҳаҳои Дӯстӣ ва Сари Пули ҷамоати шаҳраки Бохтариён» тамрини ситоди мудофиаи граждании давраи зимистона гузаронида шуд. Тамрини мазкур бо бонги эълони «Ҷамъшавӣ» Раисони комиссияҳои мудофиаи гражданӣ, ҷамоату шаҳраку деҳот, сардорони хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва сардорони зернизомҳои вазифавӣ Низоми ягонаи давлатии ноҳия ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ бо теъдоди 55 нафар дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳозир гаштанд. Мақсад аз гузаронидани чорабинии мудофиаи гражданӣ дар ноҳия ин санҷиши ҳолати омодагии ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ дар ҳолатҳои фавқулода  мебошад.

    Сараввал аз тарафи Муовини аввали раиси Комиссияи  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён оид ба ҳолатҳои фавқулода Аҳлидинзода С.  мақсад аз гузаронидани чорабинии мудофиаи гражданӣ фаҳмонида дода шуда, ба ҳайати шахсӣ гуфта гузаштанд, ки оиди дар мавсими боронгариҳои соли 2019, дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор дошта бошанд. Сипас аз тарафи Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳия капитан Қуватов Д.  моҳият ва мақсади гузаронидани чорабинӣ дарҷ карда шуда, дар ҷараёни омӯзиш масъалаҳои омодагии қувваю воситаҳои зернизомҳои  ҳудудӣ  ва зинавии ноҳия, фаъолияти Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён оид ба ҳолатҳои фавқулода, Комиссияи устуворгардонии фаъолияти соҳаҳо ва иншоотҳои  иктисодии ноҳия, комиссияи эвакуатсионии ноҳия, инчунин аз руи харита минтақаҳои хавфноки ноҳияи Кӯшониёнро, ки бинобар сабаби боришоти зиёд ва зиёдшавии сатҳи оби дарёи Вахш дар ин мавзеъҳо ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулода аз ҷумла таҳдиди шусташавии саддҳои соҳил дар назар мебошанд баррасӣ карда шуд.

 

    

 

 

Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи

граждании  вилояти Хатлон дар ноҳияи  Кӯшониён

капитан Д. Қуватов

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.