Чи тавре аз сомонаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои мустақил бармеояд, рӯзи 13-14 марти соли равон дар пайи муташаниҷ шудани вазъ, байни сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар деҳаи Ворухи ҷониби Тоҷикистон ва Оқсойи ҷониби Қирғизистон байни аҳолии ин деҳаҳои ҳамсарҳад муноқиша ба миён омадааст. Аз ҳар ду ҷониб шаҳрвандон талафоти ҷисмонӣ бардоштаанд. Сабаби муноқишаҳоро масъулини дахлдор дар он он мебинанд, ки бинобар сабаби набудани тақсимоти уфуқи муайян байни сарҳад чунин ҳодисаҳо ба миён омада истодааст. Бовари дорем, ки сокинони ин ду деҳаи ҳамсарҳад ва ҳамзамон давлатҳои ҳамсоя ва дӯст, ба як қарори аниқ омада, масъалаи мазкур бо натиҷаи дилхоҳ ба ҳарду ҷониб ҳалли худро меёбад.
«Кӯшониён»