Ба хотири тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф бо иштироки фаъолонаи кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар назди бинои кумита ҳашари умумӣ ташкил карда шуд.
Санаи 16 - марти соли равон кормандони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ба ҳашари навбатӣ баромада ҳашарчиён зери дарахту ниҳолҳои гуногунро аз алафҳои бегона тоза, бехи ниҳолҳоро нарм намуданд ва ҷӯйборҳоро тоза карданд.
Чунин ҳашарҳои дастаxамъона барои корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ дар кулли ноҳия бо маром идома доранд.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён