НИҲОЛШИНОНӢ ВА ГУЛПАРВАРӢ ХОСИ МАРДУМИ БОМАДАНИЯТ АСТ!

       Бо мақсади амалии Аксияи тарғиботии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Фурудгоҳ» вохӯрӣ  баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ширкат варзида, масъулин оди ба ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ватандӯстию хештаншиносӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҷалби ҷавонон ба корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ баромадҳо намуданд, аз он ҷумла қайд карданд, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад” .

    Ҳамзамон, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардида,  иштирокдорон дар корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тоза намудани гирду атрофи бинои ташкилоти ибтидои ҳизбии номбурдаро аз партову алафҳои бегона,  сафолакпӯш намудани роҳравҳо ва шинонидани зиёда аз 1500  дарахтони ороишиву ҳамешасаб ва гулҳои рангоранги мавсими саҳми худро гузоштанд.

    Дар фарҷом аз тарафи масъулини кумита маводҳои таблиғотии ҳизби ба аъзоёни ташкилот дода шуд.

 

 

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 4.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.