Санаи 16 – уми марти соли ҷорӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия бо занони кишоварз вохӯрӣ доир намуданд.
Ин силсилавохӯриҳо дар доираи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сурат гирифта, ҳадафаш шиносоӣ бо кору рӯзгори бонувон ва расидагӣ ба мушкилоти ҷойдоштаи онҳо мебошад.
Намояндагон ин вохӯриро бо занони кишоварз дар сари замин доир намуда, оид ба муаммоҳои ҳаёти бонувон, рушди деҳоту ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занон ба ҳунаромӯзӣ, фарогирии духтарон ба таҳсил, пойдории оилаҳо ва ғайра сӯҳбатҳо оростанд.
Аз ҷумла, дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии деҳот мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз тарафи намояндагони Кумитаи иҷроия маводҳои таблиғотии ҳизбӣ ба занон дода шуд.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён