Дар санаи 09.03.2019 аз тарафи Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Сардори шуъбаи Раёсати КҲФ ва МГ-ии вилояти Хатлон дар ноҳия капитан Қуватов Д, тибқи лоиҳаи «Оиди саҳмгузорӣ ба бештар намудани устувории мактабҳо ба ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон» машқи амалӣ дар МТМУ №55-и Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия бо иштироки кормандони соҳаи тандурустӣ, хадамоти оташнишонӣ, инчунин муаллимону хонандагони муассисаи мазкур нафар гузаронида шуд.
Мақсади асосии гузаронидани чорабинии мазкур дар МТМУ №55-и ноҳияи Кӯшониён ин пеш аз ҳама баҳри пешгирӣ ва сари вақт бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Дар рӯзҳои гузаронидани чорабинии мудофиаи гражданӣ ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, комиссияҳои мудофиаи гражданӣ, қувваю воситаҳои муассиса ҷалб карда шуданд.
Чорабинии мазкур дар назди бинои муассиса бо таври амалӣ ҷараён гирифта, корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми сар задани офатҳои табии ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода аз тарафи шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо хадамоти оташнишонӣ ва соҳаи тандурустӣ, бо таври амалӣ бо иштирокчиён, ки теъдоди онҳо 590 нафарро ташкил медод, намоиш дода шуд.
Қайд бояд намуд, ки роҳандозии ин гуна машқу тамринҳо сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва равонии хонандагонро боло мебаранд онҳоро омӯзиш медиҳанд, ки дар ҳоли ба вуҷуд омадани ин ё он офати табиӣ бе воҳима дастбакор шуд ва ба зарардидагон кумаки аввал расонид.
Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании
вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён
капитан Д. Қуватов