Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба фарорасии ҷашни бостониву ҷаҳонии Наврӯз табрику муборакбод мегӯяд.
Наврӯз - ҷашни баробаршавии шабу рӯз ва оғози соли нави аждодиамон буда, яке аз қадимтарин ҷашнҳо дар рӯи замин мебошад. Гузаштагони тамаддунофари мо бо ба меърос гузоштани ин ҷашни бузург собит сохтанд, ки воқеан дар шаклгирии мафкураи инсоният дар тули ҳазорсолаҳо нақши бориз доштаанд. Зеро ҳикмати Наврӯз танҳо аз оғози баҳору соли нав иборат нест. Наврӯз бо асолати худ собит месозад, ки гузаштагони мо мардумони донишманд ва аз гардиши осмону моҳу ситораҳо воқиф будаанд..
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: “Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона - дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад”.
Мо миллати сарбаланди тоҷик ифтихор аз он дорем, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллатамон ба эҳёи арзишу суннатҳои миллӣ ноил гардидем ва ба мақоми ҷаҳонӣ касб кардани Наврӯз даст ёфтем. Дар ин росто мо аҳли ҷомеа, хоса аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мебояд бо посу гиромӣ доштани арзишҳои миллиамон, ки қадимтарини онҳо Наврӯз мебошад, дар пойдории давлатдории миллӣ ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бештар гузорем.
Ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак, ҳамсафони гиромӣ!
«Кӯшониён»