Имрӯз тамоми оламро зуҳуроти номатлуб ба монанди терроризм ва экстремизм ба ташвиш овардааст. Ин зуҳурот ба монанди «вабои аср» решаҳои худро ба кишварҳои гуногуни дунё паҳн намуда амният ва истиқлолияти онҳоро зери хатар гузоштааст. Имрӯз давлатҳоро мебояд, ки дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ бо ин «вабои аср» мубориза баранд, чунки таҷрибаи солҳои охир муайян сохт, ки як давлат дар алоҳидагӣ ин хатарро нобуд сохта наметавонад. Терроризм ва экстремизм хусусияти байналмила-лиро ба худ ошно намуда дар тамоми гӯшаву канори олам сар баровардааст. Мардуми олам аллакай маълумот доранд, ки дар давлатҳои Ироқ, Сурия, Авғонистон, Яман ва давлатҳои абарқудрати Аврупо терроризм ва экстремизм ба чӣ қодираст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соҳибистиқ-лолиятӣ бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон бурда истодааст. Дар ин ҷода ин низ қонунгузорӣ ба тавсиб расонида шудааст. Аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16.11.1999 сол, «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» аз 9.12.2003 сол ба тавсиб расонида шудаанд. Ин қонунҳои имконият медиҳанд, ки муносибатҳои вобаста ба терроризм ва экстремизм дар сиёсати давлати ба танзим дароварда шаванд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки аксари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол ба шумор мераванд. Маҳз ин тоифа, яъне ҷавонон ва наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ аз тарафи мубалиғони хориҷӣ гаравидашуда истодаанд, ки моро ба ташвиш овардааст. Ҷавоне, ки аз гумроҳии худ ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил мешавад, намедонад ки на танҳо ба мақсади худ намерасад, балки ба падару модар, зану фарзанд ва наздикони худ ғаму ғурбат ва мушкилиҳои зиёдеро ба бор меорад. Саволе ба миён меояд, ки кадом сабабҳо ва кадом омилҳо гаравандаи ҷалби ҷавонон мебошанд? Аз хулосаи таҳлилгарон онҳо чанд тоянд: а) нодуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимои аз бесаводии ҷавонон., б) тамошои барномаҳои динии мазҳабии давлатҳои хориҷӣ тариқи телевизиони моҳворавӣ., в) бетарафии одамони касбу кори гуногуноид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав., г) ва яке аз сабабҳои асоси ин беназорат мондани ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Пас чӣ бояд кард? Аввалан бояд, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳарчӣ бештар вохӯриҳо, конфронсҳо ва чорабиниву вохӯриҳо дар бораи хатари терроризм ва экстремизм гузаронида шаванд. Дуввумин, ки бо истифода аз васоити ахбори омма бурдани барномаҳои динии мазҳаби Ҳанафӣ бо иштироки олимони Кумитаи динни назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Саввумин, ки барои аз беҳудагардиву оворагардӣ пешгири намудани ҷавонон онҳоро ба корҳои ободкорӣ, китобхонӣ, забономӯзӣ ва варзишӣ ҷалб сохтан лозим аст.
Имрӯз бояд ҳар як фарди баномусу ватандор қарзи фарзандии худро дуруст дарк намуда, бо терроризму экстремизм мубориза барад, чунки ин танҳо кори мақомот ва сохторҳои қудратӣ намебошад. Боиси ташвишаст, ки то ба имрӯз аз ҳисоби ҷавонон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар чунин ҳизбу ҳаракатҳо точикон низ ҳастанд. Аз ин хотир аз он шахсиятҳо даъват ба амал меорам, ки аз роҳии нтихобкардаи худ даст кашед, ба Ватан, ба назди хешу табор ва наздиконатон баргардед!
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён
С.Бобоев