Санаи 1 апрели соли равон дар маркази ноҳия, бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001»-ум, чорабинии фарҳангӣ-маънавӣ барои сафарбарии 40 нафар ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сараввал бо иштироки наваскарон, волидони онҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия ҳамоиш доир карда шуд. Дар ҳамоиш якчанд нафар ҷавонону наврасон шеъру суруд дар васфи Ватан ироа намуданд, сипас фарҳангчиёни ноҳия бо якчанд сурудҳои ҷолиб табъи ҳозиринро болида намуданд. Бояд қайд намуд, ки 40 нафар ҷавонони сафарбаршуда бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шудаанд. Ба ҳамаи сафарбаршудагон либоси варзиши тақдим гардида, барои онҳо инчунин дастархони идона ороста карда шуд.
«Кӯшониён»