Ваҳ, чӣ айёми дилафрӯзу хушу пирӯз аст,
Қадами хайру муборак қадами Наврӯз аст.
Наврӯз ҷашни қадими ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон (баъдтар дар байни халқҳои ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзӣ аввали солшумории шамсӣ- якумӣ фарвардин (аввали ҳамал) ё 21-уми марти солшумории мелодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо “Иди сари сол”, “Иди соли нав” низ меноманд. Дар бораи пайдоиши Наврӯз ҳанӯз як фикри аниқ гуфта нашудааст. Баъзеҳо ақида доранд, ки се ҳазор сол қабл аз ин, боз як зумра олимон панҷ ҳазор ва ҳатто шаш ҳазор сол қабл аз ин пайдоиши Наврӯзро нишон додаанд. Ба андешаи мо, тақрибан зиёда аз панҷ ҳазор сол пеш аз ин Наврӯз вобаста ба кору бори деҳқони ё кишоварзӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобастагӣ дорад:
Гули бодом бӯйи нози Наврӯз,
Гилеми сабза пойандози Наврӯз,
Ба роҳаш абри найсон дур бипошад.
Ки тундар оварад овози Наврӯз.
Баъзе анъанаҳои Наврӯзӣ бо оини зардушти низ алоқаманд мебошад. Дар аҳди Ҳахоманишиён Наврӯз ба ҳукми анъана даромада ба ҷашни расми эрониён табдил ёфт. Аксари асотиру ривоятҳои бостонӣ оғоз ва пайдоиши ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед мансуб медонанд. Дар Осиёи Миёна ва Эрон аз асри 7-и то мелод тақвими авестоӣ ҷорӣ буд. Тибқи ин тақвим сол ба 12 моҳи 30 рӯза тақсим мешуд. Ҳар рӯз номи махсус дошт ва ҳар моҳ номи яке аз рӯзҳояшро гирифта он рӯз ҷашн гирифта мешуд. Аз ин 12 ҷашн 3-тоаш муҳимтар шуморида мешуд. Чунки дар он рӯзҳо ҳолати табиат тағйир меёбад. Аз ин рӯ ҷашни аввали баҳорро Наврӯз, ҷашни аввали тирамоҳро Меҳргон, ҷашни рузи 10-уми баҳман (30-юми январ)-ро Сада мегуфтанд.
Ҷашни Наврӯз баробари шабу рӯз, эҳё гардидани табиати хуфта оғози мавсими кишту кори баҳори зироати деҳқони буда, нисбат ба дигар ҷашнҳо дар байни мардум эътибори бештаре дошт. Дар аҳди сомониён инкишофи суннатҳои бостонии халқи тоҷик ва халқҳои дигари Мовароуннаҳру Хуросон шароити мусоид фароҳам овард. Дар ин давра ҷашнҳои Наврӯз ва Садаю Меҳргон васеъ ҷашн гирифта мешуданд. Бино ба маълумоти Абубакр Муҳаммади Наршахӣ Наврӯзро аввал дар рӯзӣ якуми фарвардин кишоварзон, баъди панҷ рӯз муғон (оташпарастон) ҷашн мегирифтанд. Хушбахтона чи тавре, ки дар замони Сомониён роиҷ буд, баъди соҳибистиқлол гардидани Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро дар саросари кишварамон бо шаъну шукӯҳи тоза қайд карда мешавад. То ҷашни Наврӯз маъракаи ниҳолшинони равнақу ривоҷи тоза касб мекунад. Деҳқон бо сад умеду орзу ба замини файзбахш дона мепошад. То ин ки он донаи пошидаи ӯ фардо самар диҳаду зиндагӣ ба як маҷраи муайян ҷараён бигирад. Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, олимони соҳа ва кишварҳои ҳамҷавор Наврӯз ҷаҳонӣ шуд. Акнун ҷашни Наврӯзро на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми рӯйи олам чун оғози боҳор истиқбол мегиранд.
Замин аз мақдамаш пурзебу фар шуд,
Шимимаш накҳати боди саҳар шуд,
Табасум кардааст Наврӯз им рӯз?
Ки фавҷи лола дар саҳро ба дар шуд.
Ҷавонӣ дар бағал дорад ҳамеша,
Чи сон авҷи амал дорад ҳамеша,
Агар соҳир набошад аз чӣ Наврӯз
Ҷавонӣ бебадал дорад ҳамеша?
Омӯзгори собиқадорӣ МТУ №1 ноҳия
Ҳ.Ҳоҷӣ