Бахшида ба ҷашни бошукӯҳи Наврӯзӣ фархундапай, санаи 24 марти соли 2019 дар варзишгоҳи Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, бо иштироки Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Кӯшониён, Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷобирзода Тоҳир Гул, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия роҳбарони ташкилоту идораҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, фаъолони ноҳия ва сокинони сарбаландӣ ноҳияи Кӯшониён чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.
Пеш аз оғози ҷашни Наврӯзӣ дар маркази ноҳия, барои ҷавонону наврасони ноҳия варзишгоҳи хурди болопӯшида барои намуди футбол, дар ин рӯз бо иштироки меҳмонони Наврӯзӣ ба истифода дода шуд. Иншооти варзишии мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Давлатов Дилшод ба маблағи беш аз 350 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Аз ин иқдоми неки соҳибкори ватани ва туҳфаи Наврӯзӣ, ҷавонону наврасони сарбаланди ноҳия хушнуд гашта, дар назди ҳозирин ваъда доданд, ки аз чунин варзишгоҳҳои сатҳи баланд самаранок истифода бурда, барои пешрафтӣ варзиш дар ноҳия кӯшишу талош хоҳанд кард. Пас аз кушодашавии варзишгоҳи хурди футбол, раиси ноҳия бо ҳамроҳии меҳмонон ба майдони Наврӯзгоҳ ворид шуда, аз дастархони идонаи Наврӯзӣ дидан намуданд. Сипас собиқадорони меҳнати ноҳияро бо туҳфаҳои молию пули қадрдонӣ карда шуда, ҳамзамон дар ин рӯзи фархундапай беш аз 14 нафар навхонадорон соҳиби шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Сараввал табрикоти Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳия ироа гардида, доир ба пайдоиши Наврӯз ва аз қадим ҷашн гирифтани ин ҷашни бошукӯҳ миллатӣ тоҷик ёдовар шуда, ҳамаи иштирокдорони чорабиниро ба ҷашни бошукӯҳи Наврӯзӣ табрику таҳният гуфта иброз дошт, ки ҷашни Наврӯз аз замони пайдоиши худ то ба имрӯз дар ҳаёти фарҳангиву маънавӣ ва сиёсии мардумӣ мо саҳми басо бузургу боризе дошта, воситаи муҳими тарбияи эҳсоси меҳанпарастиву хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ ва талқини ваҳдату иттиҳоди аҳли ҷомеа будааст. Наврӯз як достони пуровозаву оламгирӣ ҳастии миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари мост. Наврӯз рамзи пирӯзии рӯшнои бар зулмот, бедорӣ бар ҷаҳолат, меҳру муҳаббат бар кинаву адоват, хушнудӣ бар ғаму андӯҳ аст. Наврӯз ба тафовут аз дигар ҷашнҳову идҳо, як ҷашни воқеан ҳам табииест, ки аслан бидуни тасмими фардиву ҷамъиятӣ арзӣ ҳастӣ кардааст ва барои мондагор будан эҳтиёҷе ба ҳеҷ гуна қарордоди иҷтимоӣ надорад. Ҷашни Наврӯз ҳамоҳангиву омезиши воқеияти зебои табиат ва хиради зебопарастӣ мардумӣ ориёнажод аст, ки тӯлӣ ҳазорсолаҳо иртиботи самимиву солими инсон ва табиатро ба вуҷуд оварда, башариятро дар рӯҳияи зебопарастӣ ва эҳтиром ба аносири табии тарбия мекунад,”- афзуд Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳия.
Ҳамчунин Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иштирокдорон ва дар симои онҳо ҳамаи сокинони ноҳияро ба ин рӯзи фаромушнашаванда таҳният гуфта қайд дошт, ки маҳз бо ташаббуси наҷибӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Наврӯзро ҳамчун мероси маънавии инсоният ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии ЮНЕСКО дохил карданд. Далел он аст, ки бо ташаббуси сарвари давлатамон дар ҳамбастагӣ бо сарони дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯзӣ иди фархундапай аз сӯи Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд. Имрӯз натанҳо сокинони кишварамон Наврӯзро ҷашн мегиранд, балки он кишварҳое, ки ҳамфарҳангу ҳамзабони мо ҳастанд бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашни байналмилалиро пешвоз мегиранд. Ҳар яки моро зарур аст, ки барои пос доштани ҷашни қадимаи хеш ҷаҳду талош намоем, зеро имрӯз миллатӣ тоҷикро бо фарҳанг ва расму оинҳои миллиаш мешиносанду эҳтиромаш мекунанд,”- гуфт Идигул Қосимзода. Баҳри болидахотирии меҳмонони олиқадр ва сокинони ноҳия аз тарафи шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашуда бахшида ба ҷашни Наврӯз пешкаш карда шуд, инчунин шеъру сурудҳои ҷазоб дар васфи Ватан ва Наврӯзӣ иҷро гардид, ки ҳозирин аз ин хушнуд гашта, бо ҳам рақсу бозӣ намуданд. Ҳамзамон дар ин базмгоҳ, сарояндагони сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок ва сурудҳои тару тозаи хешро пешниҳод намуданд.
Аксҳо аз рафти ҷашн:
«Кӯшониён»