Рӯзи 3 апрели соли равон, дар толори боғчаи кӯдаконаи №2-и Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа муовини раиси ноҳияи Кӯшониён Шукруллозода Д. дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад -Тоҷикистон бо ҳамшираҳои минтақавӣ, мураббияҳои боғчаҳо ва омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ вохӯрӣ доир намуданд.
Сараввал муовини раиси ноҳия нисбати пешгирии таваллуди хонагӣ, солимии модару кӯдак суҳбат намуда, қайд карданд, ки ҳар як кӯдак шахсияти беназир ва дорои қобилиятҳои беҳамто мебошад. Инкишоф додан ва идора кардани ин қобилиятҳо аз айёми тифлӣ оғоз мешавад. Ва ба иштирокдорони вохӯрӣ тавсия доданд, ки тақвими таъсисдодаи Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад –Тоҷикистон «Омӯзиш тавассути бозӣ»-ро, ҳамчун як дастур истифода баранд ва бо занону модарони ҷавон аз рӯи ин тақвим кор кунанд, ба рушду солимии кӯдакон дар зинаҳои гуногуни хеле муфид мебошад.
Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия
Умарзода Б.